Ӯзбекистон паноҳандагони афғонро қабул намекунад

Ҷумҳурӣ транзити гурезаҳои афғонро тавассути фурудгоҳҳои шаҳрҳои калон анҷом медиҳад, аммо онҳоро дар қаламрави кишвар намегузорад
Ӯзбекистон паноҳандагонро аз Афғонистон дар қаламрави худ қабул намекунад. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Юсуп Кобулҷонов хабар дод.

Қаблан дар васоити ахбори омма хабарҳое пахш шуда буданд, ки Ӯзбекистон омода аст «марзҳояшро барои мардуми гурез аз режими Толибон* дар Афғонистон боз кунад».

Убури заминӣ аз марзи ду кишвар танҳо тавассути гузаргоҳи Тирмиз, ки ҳоло ҳам баста боқӣ мемонад, имконпазир аст, гуфтааст Кобулҷонов. Кӯчонидани шаҳрвандони дигар давлатҳо аз Афғонистон тавассути Ӯзбекистон тавассути ҳавопаймоҳо сурат мегирад.

Маълум аст, ки Олмон сокинони худро тавассути парвозҳо аз Тошканд мекӯчонад. Полша бошад, тариқи фурудгоҳи Навоӣ ва Венгрия бо фурудгоҳи Бухоро интиқол медиҳад.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ гуфт: «Ҳар гуна кӯшиши убури сарҳад, новобаста аз сабабҳояш, тибқи қонунгузории Ӯзбекистон пахш карда мешавад».

Кобулҷонов таъкид кард, ки кишвар нақша надорад, ки ба умури давлати ҳамсоя мудохила кунад.
«Ӯзбекистон паноҳандагони афғонро дар қаламрави худ қабул намекунад, ба тариқи транзит кумак мерасонад, ки ин ба таври қатъӣ бо маҳдуд будани вақти онҳо дар кишвар пешбинӣ шудааст», — гуфт ӯ.

Ҳамзамон, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ қайд кард, ки ҷумҳуриҳо ба муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ пайравӣ мекунанд.
Масъалаи гурезаҳо бинобар иваз шудани ҳукумат дар Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мубрами рӯз шудааст. Ҳукумати ояндаро аъзои ҳаракати радикалии Толибон* сарварӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *