Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сармухаррири «Ҷумҳурият» ба ҳабс гирифта  шуд

Сармуҳаррири нашрияи  «Ҷумҳурият» дар Туркия, бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Фатҳуллоҳ Гюлен боздошт шуд. Дар ин бораи сомонаи расмии ин нашрия хабар медиҳад.

 

Хабари боздошт шудани сармуҳарир   Мурод Сабунчу ва корманди дигари ин нашрия Гюрай Озароро «Ҷумҳурият» тасдиқ мекунад, аммо сабаби боздошти онҳо то ҳол маълум нест.

Сабунчу ва Оза баъди ҷустуҷӯйи манзилашон боздошт шуда, то ҳол мақомот сабаби боздошти онҳоро шарҳ надодааст.

Боздошти кормандони нашрияи «Ҷумҳурият» дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Туркия Фатҳуллоҳ Гюлен рӯҳонии маъруфи туркро бо иттиҳоми ҳамкорӣ дар табаддулоти давлатӣ айбдор карда, ҳар касеро ки бо ӯ ҳамкорӣ мекунад, боздошт мекунад.

Дар робита ба ин даҳҳо расона дар Туркия баста шуда,  сармуҳаррири пешини «Ҷумҳурият» Ҷан Дундарро  бо айби нашри сирри давлатӣ шаш сол равони зиндон карда буд.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.