Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон идома дорад

Дар вилояти Суғд музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон марбут ба  масъалаи марз оғоз шудааст.

Интизор меравад, ки ин гуфтушунид то 18-уми март идома ёбад.  Бино ба иттилои расонаҳо, ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва ҳайати Қирғизистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар Қамчибек Тошиев роҳбарӣ доранд.

Як рӯз пеш Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, бо намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар Бодканд Омурбек Суваналиев дар Хуҷанд суҳбат карда буд.

Ду тараф дар бораи кушодани гузаргоҳҳои “Кулунду” ва “Кайрагач” дар ноҳияи Лайлак суҳбат кардаанд. Ин гузаргоҳҳоро бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавирус баста буданд.

Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст. То кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд. Бар асари моҷароҳо дар минтақаҳои номуайян аз ду тараф чандин нафар куштаву захмӣ шудаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.