Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шавкат Мирзиёев вориди Душанбе шуд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд.  Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.

Ҳамзамон, барои истиқболи Шавкат Мирзиёев ҳазорон сокинони пойтахт баромадаанд.

Гуфта мешавад кортёжи президентҳо ба “Қасри миллат”, ки дар онҷо маросими расмии истиқбол сурат мегирад, омаданд.

Сарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар назар аст, ки дурнамои муносибатҳои кишварҳоро дар ҳама соҳаҳо, ҳамзамон, иҷрои созишномаҳои қаблан ҳосилшударо баррасӣ кунанд.

Сафари Мирзиёев дурӯза буда, интизор меравад, ки сарони ду давлат барои омӯхтани имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғд ба шимоли кишвар сафар кунанд.

Дар доираи ин сафар дар назар аст, сарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 созишномаро ба имзо расонанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.