34 қорию муллову мавлавӣ сари қудрат омаданд

«Толибон» талаботи ҷомеаи ҷаҳониро напазируфта ба ташаккули ҳукумати нави Афғонистон идома медиҳад

«Толибон»* дар Афғонистон 34 ҷангҷӯйи дигарро ба вазифаҳои давлатӣ таъйин кард. Дар ин бора муовини вазири иттилоот ва фарҳанги «Толибон» Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар саҳифааш дар «Twitter» хабар додааст.

Чанде пеш ин шабакаи иҷтимоӣ бинобар нашри ҷузъиёти ҳамлаи террористӣ дар Кобул саҳифаи ӯро қатъ карда буд, аммо пас аз чанде намояндаи радикалҳо боз ба он дастрасӣ пайдо кард.

Толибон ин дафъа низ  дархостҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар бораи таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон нодида гирифта, боз вазифаҳои ҳукуматиро паштунҳо ишғол карданд.

Муҷоҳид гуфтааст, ки ба мақомҳои нав ҷангҷӯёни соҳиби унвонҳои мазҳабӣ таъйин шудаанд.

Дар байни онҳо чаҳор қорӣ (қироъаткунандагони Қуръон), 16 мулло (рӯҳониёне, ки мадраса хатм кардаанд) ва 14 мавлавӣ (муллоҳое, ки маълумоти махсуси динӣ гирифтаанд) ҳастанд.

Онҳо дар вазифаҳои вазири шаҳидон ва маъюбон, муовини сиёсии нахуствазир, роҳбари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон кор хоҳанд кард.

Аксарияти ҷангҷӯён ба вазифаҳои волӣ ва муованати волиҳои музофотҳои Афғонистон таъйин шудаанд.

Ҳамин тавр «Толибон» бори дигар яке аз шартҳои калидии эътирофи ҳукумати худро дар ҷаҳон нодида гирифтанд. Илова бар ин онҳо ба ваъдаи худ дар бораи ба вазифаҳои давлатӣ таъйин кардани занон ваъдахилофӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *