5 муттаҳам дар қатли Хошуқчӣ ба марг маҳкум шуд

Додситонии Арабистони Саудӣ гуфт, ки дар робита бо куштори соли гузаштаи журналист Ҷамол Хошуқчӣ панҷ нафар ба марг маҳкум шуданд.

Додситонии Саудӣ инчунин рӯзи 23 декабр эълон кард, ки бар асои қазияи пурсарусадои қатли журналист се нафари дигар дар маҷмӯъ ба 24 соли зиндон маҳкум шуданд. Хошуқчӣ як сокини ИМА буд ва барои нашрияи бонуфузи Washington Post кор мекард.

Ӯ октябри соли 2018 дар идораи консулгарии Саудӣ дар Истамбул кушта шуд. Хадамоти иктишофии ИМА ба натиҷае омад, ки амри куштори журналистро Муҳаммад Бин Салмон, шоҳзодаи Саудӣ, ки амалан раҳбари ин кишвар мебошад, содир кардааст.

Мақомот дар Риёз гуноҳро ба гардани ходимони амниятӣ вогузор карданд. Додситонӣ инчунин рӯзи 23 декабр эълон кард, ки собиқ мушовири аршади шоҳзодаи Саудӣ – Сауд Ал-Қаҳтонӣ ба куштор рабте надорад. Вале дар хулосаҳои тафтишоти ИМА Ал-Қаҳтонӣ барои ширкат дар амалиёти куштори Хошуқчӣ мавриди таҳрим қарор гирифтааст. Мурофиаи гумонбарони куштори Хошуқчӣ дар Риёз дар шароити махфӣ сурат гирифт. Хошуқчиро бори охир 2 октябри соли 2018 дар дохили консулгарии Саудӣ дар Истамбул диданд.

Ӯ барои дарёфти санадҳои зарурӣ бо ҳадафи издивоҷ ба ин сохтори дипломатӣ ворид шуда буд. Бар асоси гузоришҳо, баъди кушта шудан ҷасади ӯ пора-пора шуда аз дохили бинои консулгарӣ берун бурда шуд ва дигар ҳеҷ гоҳ пайдо нашуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *