500 толиб куштаву 100 нафар асир ва фирор кардани онҳо

Неруҳои ҳаракати «Толибон»* дар вулусволии Онобаи Панҷшер ба як муқовимати шадид дучор омада, бо додании садҳо кушта тарки дара кардаанд

Дар як навори видеоӣ ҳам фирори онҳо аз дара аз сӯи сокинони маҳал сабт шудааст. Қаблан онҳо хабар дода буданд, ки шаҳраки Руха, маркази вилояти Панҷшерро низ ишғол кардаанд.

Манобеъи такя ба  ба нақли Гулҳайдархон, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, гуфтанд, ки «Толибон»* аз қисмати ғарбии дара, тариқи Даҳанаи Панҷшер ва Дурбанди вилояти Кописо вориди дара шуда, то вулусволии Оноба, 20 – километрии шаҳраки Руха наздик омада буданд.

«Дар ин ҷо онҳо ба камини нерӯҳои муқовимат таҳти раҳбарии фармондеҳон Гулҳайдархон ва Баҳлул бархӯрданд ва ғофилгир шуданд. Онҳо дар муҳосира афтода, сардаргум шуданд, чун ҷуғрофиёро намедонистанд”, — гуфт манбаъ.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, теъдоди кушташудагон аз миёни «Толибон»* дар ин даргириҳо аз марзи 500 нафар гузашта, ҳудуди 100 нафар низ асир афтодаанд.

Талафоти ҷониби нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат хеле кам арзёбӣ мешавад, ки аксарият захамҳои сабук бардоштаанд.

Фирори «Толибон»* аз Панҷшер дар навори як сокини шаҳри Гулбаҳори вилояти Парвон сабт шудааст, ки бино ба он, корвони мошинҳои ҷангиёни толиб аз роҳи хуруҷии дараи Панҷшеру тариқи дарвозаи вурудии шаҳри Гулбаҳор ба самти Ҷабалуссироҷ ҳаракат доранд.

Дар ҳамин ҳол, ҷангҳо дар вулусволии болоии Панҷшер – Париён идома дошта, «Толибон»* ҳудуди 5 километр қафо зада шудаанд ва дар деҳаи Дашти Ревати ин вулусволӣ идома доранд.

Манобеъ мегӯянд, ин шаб сарнавишти ҷанги Панҷшер маълум хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *