Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

60 нафар қурбонии табадулоти ҳарбӣ дар Турция.

      Дар рафти кӯшиши гузаронидани табадуллоти ҳарбӣ дар пойтахти Турция,ки шаби 15-ум ба 16-уми июл аз тарафи як гурӯҳи кормандони ҳарбии кишвари мазкур ташкил карда шуда буд 43  нафар   кушта шуда ва дар маҷмӯъ 60 нафар зарарҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

      Пештар аз ин агентии  Anadolu оиди марги 17 нафар аз кормандони полис маълумот дода буд, инчунин аз аҳолии осоишта низ қурбоншудагон буданд. Сарбозон ба тарафи роҳгузарони ба самти купруки Босфорск раҳсипор буда оташ кушодаанд. Як холати дигари тирпаронӣ дар яке аз ноҳияҳои канори шаҳр аниқтараш дар Байрампаш ба қайд гирифта шудааст,ки дар онҷо як нафар захм бардоштааст.

       Зиёда аз ин чархболи ҳарби аз аввали саршавии ин ҳодиса бинои идоракунии Зиёиёни Ситоди генералӣ ва студияи Телевизиони марказиро тирборон намудабуд. Сипас ин чархбол аз тарафи қиркунандаи Нерӯҳои ҳавоии муборизи Турция F-16  дар осмони болои Анқара маҳв гардонида шуд.

 Бо дархости президенти Турция ҳазорон нафар ба кӯчаҳои Истамбул ва Анқара баромаданд. Тарафдорони Эрдуғон бинои истиқомати президентро бо ҳалқаи зинда печонида гирифтанд ва инчунин дар назди бинои ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳ дар Турция ҷаъм омаданд.

Шаби ҳамон рӯзи мудҳиш сарвазири Турция Бинали Йылдырым эълон дошт,ки дар мамлакат кӯшиши гузаронидани табадуллоти ҳарбӣ ба вуқуъ омад.Вале ба гуфтаи вай ҳокимияти давлатӣ ҳодисаи мазкурро зери назорати қатъии хеш нигоҳ дошта истодааст.

      Бар алайҳи гуфтаҳои сарвазир айни замон намояндагони Қувваҳои мусаллаҳ элон доштанд,ки онҳо ба запт кардани ҳокимият ноил гардидаанд. Ва ҳатто дар мамлакат вазъияти ҳарбӣ ва  соати комендантӣ ҷорӣ намуданд.

        Наздик ба саҳар сарвазир хабари хомӯш гардидани ҳаракати табадуллотӣ ҳарбӣ аз тарафи қувваҳои ҳукуматро элон намуд. Баъдан призидент Эрдуғон ба фурудгоҳи Истамбул омад ва дар вохури бо намояндаҳои ВАО  кӯшиши гузаронидани табадуллоти ҳарбиро хиёнат номида илова намуд,ки ин сабаби идома додани тозагардонии сафи қувваҳои ҳарбӣ аст. Президен гуфт,ки ин табадуллотро гурӯҳи на чандон калони ҳарбиён ташкил кардабуданд,ки албатта сазои амалашонро бебинанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.