Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аҳмад Масъуд: Сар медиҳаму сангар не!

Замони фавти падар ӯ ҳамагӣ 12 сол дошт. Нав аз Тоҷикистон ба Панҷшер кӯчида буданд, ки падари қаҳрамонаш, Шери Панҷшер – Аҳмадшоҳи Масъуд террор шуд. Ӯ дубора ба ғурбат рафт. Вақте Раисҷумҳур фирор карду Толибон дар 12 рӯз кишварро бидуни ҷанг тасарруф карданд, ба Ватан баргашт ва дар зодгоҳи падари қаҳрамонаш камин гирифт. Имрӯз Панҷшер, таҳти сарварии ӯ ягона минтақаест, дар Афғонистон ки зери тасарруфи Толибон нест…

Сухан аз Аҳмад Масъуд аст – писари диловари Қаҳрамони миллии Афғонистон, дӯсти воқеии Тоҷикистон, Напалеони Шарқ ва Шери Панҷшер шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд. Пас аз суқути Кобул, Аҳмад Масъуд дар вилояти Панҷшер Ҷабҳаи муқовимат бар зидди Толибонро ташкил карда, эълон кард, ки бо ин гуруҳи ҷангҷӯ мубориза хоҳад кард.

Писари ягонаи Шери Панҷшер

Сипаҳсолори маъруфи Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд аз издивоҷ бо духтари ёвари наздиктаринаш 6 фарзанд дорад, 5 духтар ва як писар – Аҳмад Масъуд.

Аҳмад Масъуд 32 сол дорад. 10 июли соли 1989 дар вилояти Тахор, ки дар шимолу шарқи Афғонистон воқеъ аст, ба дунё омадааст.

Кӯдакиҳои ӯ ба замоне рост омад, ки дар кишвараш ҷангҳои шадид идома доштанд. Охири солҳои 90-ум Масъуд оилаашро ба Тоҷикистон, ки нисбатан амнтар буд, овард. Ҳамин тавр, Масъуди хурдӣ як муддат дар Душанбе зиндагӣ кард.  

Аҳмадшоҳи Масъудро рӯзи 9-уми сентябри соли 2001 як маргталаби созмони террористии “Ал-Қоида” худро ҳамчун журналист муаррифӣ карда ҳангоми суҳбат бо истифода аз маводи тарканда ба қатл расонид.

 Хотира аз Тоҷикистон

Аҳмад Масъуд дар суҳбатҳои зиёди хеш ёди Тоҷикистон мекунад ва солҳои дар Душанбе буданашро беҳтарин лаҳазоти умраш мешуморад, зеро “он замон кӯдак буду фориғ аз ташвишҳо”.

“Ман хотироти зиндагони якҷоя бо падарам, ҳамсоягон ва забони зебои тоҷикиро ёд дорам. Он ҷо мехостам мусиқиро омӯзам. Тоҷикистон барои ман хонаи дуюм гардид. Бештари умри ман он ҷо гузаштааст. Барои мо муҳити бехатар фароҳам оварда буданд. Ман аз мардуми шарифи тоҷик барои ҳама корҳои нисбат ба мо анҷом додаашон ва барои дастгириашон аз истиқлолхоҳӣ, адолати иҷтимоӣ ва демократияхоҳии мо миннатдорам”, – мегӯяд ӯ дар як мусоҳибааш бо AFP.

Масъуди хурдӣ дар як суҳбаташ ёдоварӣ мекунад, ки дар Тоҷикистон андак забони русиро омӯхт, вале алифбои кириллиро ёд нагирифт, зеро ӯ дар дар мактаби эронии шаҳри Душанбе (то синфи панҷум) таҳсил мекард.

Марги падар ӯро мард кард

Рӯзе, ки Аҳмадшоҳи Масъуд террор шуд, ӯро фавран ба Тоҷикистон интиқол доданд, вале вақте табибони тоҷик ба майдони ҳавоии Кӯлоб расиданд, Шери Панҷшер ҷон дода буд.

Наздикони падар Аҳмад Масъудро ҳамроҳ бо модар ва хоҳаронаш рӯзи 11-уми сентябр аз Панҷшер ба Душанбе оварданд. Ба онҳо гуфтанд, ки Масъуд онҳоро дар Тоҷикистон интизор аст.

“Ба модарам ҳам нагуфтанд, ки падарро аз даст додем. Балки гуфтаанд, ки Масъуд захмӣ шудааст, аммо касе нагуфтааст, ки ӯро барои видоъ бо шавҳараш мебаранд. Модарам беист гиря мекард, танҳо ҳангоми дуо хондан хомӯш мешуд. Он вақт ман мехостам, ки ӯ танҳо дуо гӯяд ва гиря накунад. – ба ёд меорад Аҳмад.

Оилаи Аҳмадшоҳи Масъуд аввал ба Душанбе ва сипас ба Кӯлоб интиқол меёбанд.

“Дар Кӯлоб моро ба як ҳуҷраи хурд бурда хоҳиш карданд, ки интизор шавем. Ҷасади падарро аз он ҷо берун оварданд. Бобоям Тоҷуддин, (хусур ва дӯсти Аҳмадшоҳ, маъруф бо тахаллуси “Чашмони Масъуд”) ба ман амр кард, ки аз тарафи рост истам. Он гоҳ ба худ омада, ба ҷиҷсми беҷони падар нигаристам. Зиндагии мани 12-сола, ки шаби гузашта орзуҳои кӯдакӣ доштам, комилан дигар шуд. Маҷбур шудам дар як шаб роҳи 100-соларо тай кунам ва аз Масъуди 12-сола ба 49-сола мубаддал шавам”, – ба ёд меорад, он рӯзҳоро Аҳмад Масъуд.

16-уми сентябри соли 2001 Аҳмадшоҳи Масъуд дар зодгоҳаш деҳаи Ҷангалак ба хок супорида шуд.

Дар роҳи худсозӣ

Пас аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд оилаи онҳо ба Эрон ҳиҷрат мекунад ва Аҳмад мактаби миёнаро дар Эрон хатм карда, як сол дар курсҳои низомии Академияи ҳарбии шоҳигарӣ дар Сандхерст таҳсил кардааст. Солҳои 2012-2015 дар факултаи омӯзиши ҳарбии Коллеҷи шоҳигарии Лондон таҳсил намудааст. Соли 2016 дар Донишгоҳи Лондон дараҷаи магистриро дар сиёсати байналмилалӣ соҳиб гардидааст.

“Ман ба астрономия дилбохта будам, аммо вақте яке аз рафиқони падарам гуфт, ки онҳо аз ман умеди калон доранд, роҳи ман дигар шуд” – мегӯяд, ӯ дар суҳбат бо AFP.

Ҳамин тавр, соли 2016 Аҳмад Масъуд ба Афғонистон баргашт ва мудири Бунёди Масъуд таъйин шуд. Ин бунёди ғайритиҷоратӣ як сол пас аз марги Қаҳрамони милли Афғонистон таъсис ёфта, фаъолияти он ба ду соҳа – фарҳангӣ ва маърифатӣ равона шудааст.

“Ман таҳсил кардам, то ки баргардам. Душаҳрвандӣ надорам. Инчунин берун аз Афғонистон моликият ва чизе ҳам надорам… Комилан ба халқи худ ва кишвари хеш содиқ мебошам”, – мегӯяд ӯ.

Умре барои сиёсат

Ҳанӯз соли 2016 Аҳмад Масъуд эълон карда буд, ки ният дорад ба сиёсат машғул шавад.

“Кулли зиндагии ман бо сиёсат пайваст аст. Ман ба падарам ваъда дода будам ва зиёд таҳсил кардам, то ба Афғонистон баргашта ба сиёсат пайвандам. Мехостам бо сиёсат машғул шавам, зеро мушкилоти кишварам хусусияти сиёсӣ доранд ва мо бояд ин мушкилотро ҳал кунем … Ман дар вақту шароити муносиб ба саҳна мебароям. Тамоми талошҳоям дар 15 соли охир барои расидан ба ин ҳадаф равона шудааст ”, – гуфтааст ӯ дар мусоҳиба бо “Афганистан.ru”.

 Вақташ расид…

Ва инак, вақту шароити мусоид фаро расид. Аҳмад Масъуд ба саҳна баромад.

Ӯ ду-се соли охир шиддат ёфтани хатари Толибонро ба кишвараш дарк карда, аз ибтидо муқобили ин гурӯҳи террористӣ ва ҷангҷӯ буданашро эълон намуд.  

Ҳанӯз соли гузашта эълон кард, ки Ҷанбаи муқовимат бо Толибон таъсис ёбад ва аз буззургони кишвараш даъват кард, ки ба он бипайванданд, вале…

Бетарафии ҳукуматдорон ва беҷуръатии  Ашраф Ғанӣ сабаб шуд, ки Толибон дар 12 рӯз Афғонистонро забт кунанд. Кобул бидуни ҷанг суқут кард ва Президент кишварро ба ҳоли худаш раҳо карда, фирор намуд.

Пас аз суқути Кобул, Аҳмад Масъуд эълон кард, ки дар вилояти Панҷшер бар зидди Толибон қувваҳои муқовиматиро ҷамъ меорад. Ин ташаббуси хешро тариқи маҷаллаи фаронсавии “La Règle du Jeu” эълон кард. 

“Аз ҳамаи афғонҳои озодихоҳ, ки бандагиро намепазиранд, даъват мекунем, ки ба пойгоҳамон дар Панҷшер, охирин минтақаи озод дар сарзамини азиятдидаи мо бипайванданд, – омадааст дар паёми ӯ. – Ба афғонҳои тамоми минтақаҳо ва қабилаҳо мегӯям: Ҳамроҳ бо мо мубориза баред! Ба афғонони дар хориҷа ба сар мебурда ва ба дил наздик мегӯям: бидонед, Шумо дар Панҷшер ҳамватаноне доред, ки таслим нашудаанд”.

Инак, тайи чанд рӯзе, ки Арки Раёсатҷумҳурӣ ва тақрибан тамоми Афғонистон дар зери тасаллути Толибон қарор дорад, Аҳмад Масъуд дар Панҷшер ба муқобили Толибон муқовимат мекунад…

…Бисёриҳо менависанд, ки Аҳмад Масъуд қурбонӣ аст, дар баробари нерӯи бузурги Толибон, вале ӯ аллакай қаҳрамон аст, зеро ягона нафарест, ки дар қалби миллионҳо афғонистонӣ шӯълаи умед ба ояндаи некро фурӯзон нигоҳ медорад…

Одил Нозир

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.