Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аҳмади Масъуд: Мо омодаем муқовимат кунем!

Нерӯҳои  муқовимати афғон дар Панҷшер аз таслим шудан ба Толибон саркашӣ мекунанд .

Як рӯз пеш Толибон аз фиристодани садҳо ҷангӣ ба вилояти Панҷшер хабар доданд, ки таҳти назорати нирӯҳои муқовимат қарор дорад. Қаблан Толибон гуфта буданд, ки барои таслим шудан ба Масъуд чор соат вақт доданд.

Ба гуфтаи Масъуд, агар Толибон талош кунанд, вилоятро таҳти назорат гиранд, “мо омодаем муқовимат кунем.” Вай ҳамчунин қайд кард, ки Афғонистон дар остонаи фалокати башарӣ қарор дорад ва он дубора ба “паноҳгоҳи терроризм” табдил меёбад.

Масъуд гуфт, ки “мехоҳад ҷангро дар Афғонистон хотима диҳад” ва ҷонибдори муколама аст ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки мардуми Афғонистонро дастгирӣ кунанд.

15 август ҷунбиши радикалии Толибон аз таъсиси назорат дар тамоми қаламрави Афғонистон хабар дод. Толибон пойтахти кишвар Кобулро низ таҳти назорат доранд. Ҳазорон нафар дар фурудгоҳи пойтахт паноҳ бурда, талош карданд аз кишвар берун раванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.