Аҳмадзода дар меҳмонии собиқ Сарвазир

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар араафаи Соли нави мелодӣ ба ёдати собиқ Сарвазири кишвар, собиқадори меҳнат ва  ходими сиёсӣ Оқил Оқилов омад.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, раиси вилояти Суғд қайд кардааст, ки саҳми Оқил Оқилов дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ назаррас буда, мавсуф солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз ҷумла то замони ба нафақа баромаданаш дар вазифаи Сарвазири Тоҷикистон фаъолият бурдааст.

“Имрӯз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат рушд ёфта, кишвари моро дар арсаи ҷаҳон чун мамлакати рӯ ба рушд мешиносанд. Барои таъмини рушди соҳаҳои гуногун хизматҳои шахсиятҳое чун Оқил Оқилов назаррас буда, давлату Ҳукумат меҳнатҳои собиқадоронро ҳамеша қадр мекунад”,- таъкид доштааст Аҳмадзода.

Ҳамзамон, қайд зикр шудааст, ки дар охир Оқил Оқилов изҳори сипосмандии худро ба Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти вилояти Суғд баён намудааст.

Инчунин, Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли собиқадори меҳнат, сокини шаҳри Бӯстон Алла Ғаниева хабар гирифта, ба ӯ кӯмакҳои моддӣ расонид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *