Абдулазиз Комилов ба Тоҷикистон меояд

Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо сафари расмӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ташриф меорад. Дар ин бора маркази  матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст.

Тибқи нақша, вазири корҳои хориҷӣ аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дидан хоҳад кард. Ин сафар се рӯз пешбинӣ шуда, аз 16 то 18 феврал идома хоҳад кард.

Тибқи маълумоти пешакӣ, Камилов бо се ҳамтои худ аз Вазорати корҳои хориҷӣ мулоқот мекунад. Масъалаҳои асосии муҳокимаи вазирони корҳои хориҷӣ рушди минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ, инчунин ҳамгироии Осиёи Марказӣ ба долонҳои нақлиётӣ хоҳанд буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *