Амалиёти охирини Сурия Эрдуғонро ба хашм овард

Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ дар вилояти Идлиби Сурия ду сарбози Туркия кушта ва ячанд нафари дигар захми шудаанд, ки ин бо иси хашми раисҷумҳури Туркия Раҷаб Эрдуғон гардидааст. Дар ин бора портали “Daily Sabah” дар такя ба вазорати мудофиаи Туркия хабар медиҳад.

Дар изҳорот омадааст, ки нерӯҳои Туркия низ якчанд ҳадафҳои ҷониби Сурияро бозпас ва нобуд карданд.

Гуфта мешавад, ки шаби 26 феврал артиши Сурия бо мухолифини мусаллаҳ ва ҷангҷӯёни тарафдори турк дар минтақаи Саракиб, ки аввали моҳи феврал ин минтақаро зери назорат гирифта буданд ҳамлаи ҳавои анҷом дод, ки дар натиҷа якчанд сарбози турк захми ва ҳалок гардидаанд.

Амалиёти охирини ҳукуматдорони Сурия нерӯҳои давлатӣ Анқараро хашмгин кард ва Эрдуғон гуфтаст, ки агар то охири моҳи феврал артиши Сурия аз хати минтақаҳои ишғол кардаи Туркия хориҷ нашаванд, артиши Туркия ба амалиёти низомӣ шурӯъ хоҳад кард.

Русия, ки аз амалҳои Димишқ дар Идлиб пуштибонӣ мекунад, кӯшиш кардаистодааст, ки вазъро бо роҳи гуфтушунид ҳал кунад, аммо ҷонибҳо то ҳол ба мувофиқа нарасидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *