Амрико ба афғонистон 3-ҳазор нерӯи иловагӣ мефиристад

Мақомоти баландпояи маъмурияти Доналд Трамп ва низомиёни Амрико тавсия медиҳанд, ки барои ҷанг бо Толибон ҳудудан 3 ҳазор нерӯ ба Афғонистон интиқол ёбад. Дар ин бора матбуоти Амрико хабар додааст.

Сарбозони иловагӣ ба мушовирони амрикоӣ имкон медиҳад, ки бо теъдоди бештари нерӯҳои Афғонистон дар наздикии хати ҷанг кор кунанд, — навиштааст нашрияи New York Times рӯзи 8 май бо такя ба мақомот.

Аз кишварҳои узви Паймони Атлантики Шимолӣ -НАТО низ дархост мешавад, ки ба Афғонистон нерӯи муносиб бифиристанд, навиштааст Washington Post.

Феълан НАТО дар Афғонистон 13 ҳазор нерӯ дорад, ки 8.400 нафари онро сарбозони Амрико ташкил медиҳанд.

Тавсияи мақомотро бояд президент Трамп тасдиқ кунад ва ба гуфтаи матбуот ӯ бояд қабл аз нишасти НАТО, 25 май тасмим бигирад.

Моҳи феврал фармондеҳи аршади ИМА дар Афғонистон генерал Ҷон Николсон ба Конгресси Амрико гуфт, ки онҳо барои машварат ба артиши Афғонистон ба нерӯи бештар ниёз доранд.

Нерӯҳои таҳти сарварии ИМА баъди ҳамлаи моҳи сентябри соли 2001 ба Ню Йорк Толибонро аз қудрат барканор карданд. Аммо дар чанд соли ахир ин ҷумбиш дубора эҳё шуд ва ҳоло бахши бузурги Афғонистонро таҳти назорат дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *