Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Амрико: Мо ҳоло нақшаи тарки Ироқро надорем

Вазири дифоъи Амрико Марк Эспер дар як баёнияаш қайд кардааст, ки нерӯҳои низомии ИМА ҳеҷ нақшаи тарки Ироқро надоранд. Дар ин бора “РИА Новости” дар такя ба иттилои “Вашингтон пост” хабар медиҳад.

Тибқи иттилои нашрияи амрикоӣ, маъмурияти Доналд Трамп қарор қабул кардааст, ки дар сурати ихроҷашон аз Бағдод кӯмакҳои иқтисодиву низомиашонро ба Ироқ то 250 млн доллар коҳиш хоҳад дод.

Бояд гуфт, ки пас аз кушта шудани генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ дар Бағдод парлумони Ироқ қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он бояд низомиёни ИМА хоки Ироқро тарк намоянд. Аммо то ҳол ИМА дар бораи тарк намудани низомиёнаш аз хоки Ироқ ба қарори аниқ наомадааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.