Амволи хонаводаи Кабаева бештар аз миллиард рубл арзиш дорад

Арзиши амволи хонаводаи роҳбари шӯрои мудирони Гуруҳи расонаҳои миллии Русия, варзишкори пешин Алина Кабаева ба 1 миллиарду 250 миллион рубл расидааст, хабар медиҳад «Расонаҳои озод».

Ба номи Кабаева ва пайвандонаш 6 манзил (квартира), ду хона ва 70 садяк замин дар чаҳор минтақа сабт шудааст.

Моҳи июли соли 2018 Алина Кабаева бори аввал ба номи худ қитъаи заминеро дар шоҳроҳи Рублево-Успенск сабт кардааст. Ба иттилои Росреестр, 25 садяк замин дар истироҳатгоҳи «Успенское» ба вай тааллуқ дорад. Ин 25 садяк дар наздикии 45 садяк замини дигар ҷойгир аст, ки ба иттилои Reuters, сар аз соли 2013 ба модарбузурги Кабаева Анна Затсепелина тааллуқ дорад. Ба иттилои расона, арзиши умумии амволи Кабаева дар Успенское 655 миллион рублро ташкил медиҳад.

Любов Кабаева, модари Алина Кабаева дар манзиле зидагӣ мекунад, ки 334 метри мураббаъ масоҳат дорад.

Ба ҷуз ин амвол модарбузурги Кабаева бо Лейсан Кабаева (ки аз вай хоҳари варзишкор ном бурда мешавад), дар Москва ва Санкт-Петербург чаҳор манзил харидаанд, ки арзиши умумиаш наздики 740 миллион рубл аст.

Ба ин тартиб, ба номи Кабаева ва наздиконаш амволе сабт шудааст, ки арзиши бозориашон бештар аз 1 миллиард рубл аст. Расона менависад, бештари амвол дар минтақаҳои пӯшида ҷойгир аст ва соҳибони пешинашон бо ширкати «Газпром» робита доранд.

Алина Кабаева бори охир дар соли 2013 — замоне ки вакили Думаи давлатии Русия буд, эъломии даромадҳояшро нашр кард. Он замон вай нишон дода буд, ки ҳамагӣ бо арзиши 11 миллион рубл амвол дорад. Гуруҳи расонаҳои миллӣ, ки Кабаева роҳбари он аст, ҳисоботи солона нашр намекунад. Ба ҳамин далел, даромади Кабаеваро муайян кардан ҳоло номумкин аст.

Дар соли 2008 нашрияҳо навишта буданд, ки президенти Русия Владимир Путин аз ҳамсараш ҷудо ва бо Алина Кабаева издивоҷ кардааст. Дар даҳ соли зиндагии муштараки Путин бо Кабаева гуфта мешавад, ин ҷуфт соҳиби 3 фарзанд шудаанд. Аммо ин иттилоъро Путин ва Кабаева тасдиқ намекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *