Ҳайати Қирғизистон ҳам ҷаласаи САҲА-ро тарк кард

Роҳбари ҳайати Қирғизистон дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Мир Карибоева зимни суханронии Қодирҷон Батиров — як мухолифи қирғиз, толори маҷлисро тарк кард.

Карибоева бо изҳори норизоӣ ба САҲА гуфтааст, ин созмон ба Қодирҷон Батиров, ки бо айби барангехтани адовати миллӣ ва анҷоми ҷинояти ниҳоят вазнин ғоинбона маҳкум шудааст, минбар медиҳад. Карибоева афзудааст, ки минбар додани САҲА ба Батиров дар Қирғизистон ҳамчун беэҳтиромӣ ба ин кишвар қабул шудааст.

Аз ин пеш ҳайати Тоҷикистон низ бо нишони эътироз аз иштироки мухолифин дар ҷаласаи САҲА нишастро тарк карда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *