Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз Эрон то Чин. Номаҳои шодбошӣ ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Амрико Доналд Трамп, сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Шавкат Мирзиёев, Сооронбай Жээнбеков, Қосим-Жомарт Тоқаев ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуған, Президенти Фаронса Эммануэл Макрон, Президенти Беларус Александр Лукашенко ва дигарон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро ба ҷашни расидани 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфтанд.

Ҳасани Руҳонӣ, Раиси ҷумҳури исломии Эрон дар номаи шодбошӣ ба унвонии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки Эрон ҳамвора алоқаманд ба густаришу таҳкими ҳар чи бештари муносиботи ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон дар ҳамаи арсаҳои дуҷониба ва чандҷониба аст.

“Дар шароити кунунии ҳосил аз буҳрони ҷаҳонии каронавирус низ зарур аст, масъулони ду кишвар барои тавсеаи ҳамкориҳо ба манзури рафъи мушкилоти иқтисодии минтақа ва интиқоли таҷрибаҳо дар заминаи муқобила бо ин беморӣ, талош ва сайъи бештаре бо якдигар дошта бошанд. Умедворам дар партави ҳусни тафоҳум ва талоши муштарак, шоҳиди густариши беш аз пеши равобити дуҷониба дар ростои манофеъи мутақобил ва ҳамчунин таҳкиму тавсеаи сулҳу амнияти минтакавӣ ва байналмилалӣ бошем”, — қайд кардааст Ҳасан Руҳонӣ.

Дар ҳамин ҳол, Си Ҷинпин, Президенти Чин дар номаи табрикотиаш зикр кардааст, ки баъд аз авҷгирии ҳамагирии КОВИД-19 Чину Тоҷикистон ба ҳамдигар кумак расонида, саъю талоши худро барои ҳифзи муштараки саломативу ҳаёти мардумони ду кишвар муттаҳид месозанд, ки моҳияти асосии ҷомеаи рушди муштарак ва амниятии Чину Тоҷикистонро инъикос менамояд.

“Ман итминон дорам, ки Чину Тоҷикистон бо саъю талоши муштарак метавонанд эпидемияро комилан мағлуб созанд. Аз оғози соли равон мову Шумо аз тариқи муросилоти хаттӣ ва суҳбатҳои телефонӣ пайваста дар тамос буда, оид ба масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба дар пасманзари  эпидемия мубодилаи амиқи афкор анҷом медиҳем”, — гуфтааст Си Ҷинпин.

Ҳамзамон, вай илова кардааст, ки ба рушди муносибот миёни Чину Тоҷикистон аҳаммияти калон медиҳад ва тасмим дорад, ки дар якҷоягӣ бо Эмомалӣ Раҳмон барои мунтазам ба сатҳи баландтар баровардани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба нафъи кишварҳову мардумонамон саъю талош намояд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.