Аз Русия ҷузъиёти заҳролудсозии Алексей Навалнийро хостанд

Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ аз Москва даъват кард, ки ҷузъиёти заҳролудсозии мухолифи рус Алексей Навалнийро ошкор кунад. Ба ин даъват 56 кишвар аз маҷмуи 193 кишвари узви Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ ҳамроҳ шуданд. Хабар дод Озодӣ.

Дар изҳороти муштарак омадааст, ки ҳама гуна заҳролудсозии инсон истифодаи истифодаи силоҳи кимиёӣ ҳисобида шуда, боиси нигаронӣ аст. Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки ҳама гуна истифодаи силоҳи кимиёӣ ғайри қобили қабул ва зидди меъёрҳои байналхалқӣ аст.

Кишварҳое, ки зери изҳорот имзо гузоштанд, заҳролудсозии афсари пешини мақомоти иктишофии Русия Сергей Скрипал ва духтараш Юлияро маҳкум карданд. Заҳролудсозии Скрипал дар соли 2018 дар Бритониё сурат гирифт.

Вазъи сиҳатии Навалний 20 августи соли равон, ҳангоми парвоз аз шаҳри Томск ба шаҳри Москва бад шуд. Халабон ҳавопайморо дар Омск ба замин нишон ва ӯро нахуст ба бемористони маҳаллӣ ва сипас ба шаҳри Берлин интиқол доданд. Ҷонибдоронаш мегӯянд, Навалний заҳролуд карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *