Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз ваъдаи Аҳмадзода то ашки занон дар марзи ҷангзада

8-уми апрел. Шаҳри Душанбе. Соат 04:00. Мо гурӯҳи се нафараи рӯзноманигорон бо тасмим ва хоҳиши худамон роҳ пеш гирифтем ба сӯи Исфара. Ҳадафи сафари мо дидани деҳаҳои наздимарзӣ пас аз муноқишаҳои мусаллаҳона ва шиносоӣ бо рафти бартарафсозии оқибатҳои низоъ ва рафти корҳои ободонӣ буд…

Соат 11:41. Мо дар маркази ш. Исфара қарор дорем ва дар бинои ҳукумат ягон нафар аз одамони масъулро намеёбем. Дар таблои калон се рақами телефон аз аъзоёни Ситоди вилоятӣ оид ба бартарафкунии  оқибатҳои низоъҳои назди сарҳадӣ навишта шудааст. Нафари аввал, ки роҳбари ситод буд, ба занги мо ҷавоб дода гуфт: “Ба деҳаи Сомониён биёед. Дар ин ҷо корҳои ободонӣ бо ҷушу хурӯш идома дорад.”

Соат 12:10. Дар роҳ ба сӯи деҳаи Сомониён ба корвони мошинҳои раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вохӯрдем. Давоми ду соат раиси вилоят бо аъзои Ҳукумат аз хонаҳои харобшуда дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён дидан карданд. Шумори хонаҳои осебдидаро то 30 адад гуфтанд. Аммо дар ҳамаи онҳо корҳои сохтмони бо ҳузури устоҳо ва шахсони алоҳидаи кумакрасон (ризокорон) идома дошт. Баъзе хонаҳоро акнун хишт мечиданду дар баъзеи дигарашон тоза тарҳ болои замин кашида буданд. Тибқи супориши раиси вилоят то як моҳи оянда ва дери дер то 15-уми июн хонаҳо ба соҳибонашон аз калид то сӯзан супорида мешавад. Ҳамчунин, бастаи либосҳо ва маҳсулоти хӯрокаи ниёзи аввал бо номнавсии ҳар як сокини зарардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ тақсим карда шуд. Раҷаббой Аҳмадзода дар ин дидорбинӣ ба сокинон ваъда кард, ки то охири корҳои сохтмони ҳар се рӯз як маротиба аз ҳоли онҳо ва рафти таъмиру барқароркунии хонаҳо дидан мекунад.

Як лаҳза аз ин сафар қобили ёдоварӣ аст. Дар деҳаи Сомониён сокинони Тоҷикистону Қирғизистон омехта зиндагӣ мекунанд. Як хона дар як кӯча Тоҷикистон бошад, хонаи дигар Қирғизистон аст.  Як роҳрав ва ё як девор марзи ду кишварро муайян мекунад.  Дар кӯчаҳои ин деҳа озодона сарҳадбонони қирғиз равуой мекунанд. Сокини яке аз хонаҳои зарардида ба раиси вилоят шикоят кард: “Атрофи хонаи ман бо деворҳои лойӣ иҳота шудаву ҳар вақт хоҳанд сарбозони қирғиз аз сари девор нигоҳ мекунанд ва ҳоло низ, – ӯ ба девор ишора карда, – бинед аз сари девор моро назорат доранд”.

Раиси вилоят ғайри ихтиёри посбонҳояш “кани ман рафта бинам”- гуфта, ҷониби деворе, ки он модар ишора карда буд, рафт.

Ин амали роҳбари вилоят қобили ситоиш аст, зеро ӯ аз сарнавишти раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки дар чунин як ҳолат тир хӯрда буд, натарсида барои дифоъ аз як ҳамватан ҷониби марзбони қирғиз рафт.

Хушбахтона, он нафаре, ки назора дошт, марзбони тоҷик будааст.

Ин лаҳза Раиси Вилоят супориш дод, ки атрофи хонаи ин шаҳрванд пурра бо сементблок пӯшонда шавад.

Соат 14.  Бо модаре дар кӯчаҳои маҳаллаи Сомониён оиди рӯзи низоъ ва зиндагии ояндааш дар ин маҳҳалла суҳбат доштам. Пушти дастгоҳи наворбардории ман озодона сарҳадбонони қирғиз равуо карда корҳои сохтмонии хонаи ин модарро назорат мекарданд. “Ягона хоҳиши ман ин аст, ки бигзор афсарони мо низ дар ин кӯчаҳо равуо кунанд то дили мо каме қувват гирад” – гуфт ҳамсуҳбати ман. Ёдовар мешавем дар ҳар як кӯчаи ин маҳҳалла, ки ба кишвари Қирғизистон тааллуқ дорад, камераҳои назоратӣ  насб шудааст.

Рӯҳияи мардуми деҳаҳои наздимарзӣ дар аввал осуда менамояд. Чун лаҳза ба лаҳза ғамхории ҳамватанони худро эҳсос мекунанд. Давоми ду рӯзе, ки мо дар деҳаҳои осебдидаи ин минтақа будем, набуд ҳолате, ки гурӯҳи хайрхоҳон, рӯзноманигорон ва ҳамватанон аз дигар гӯшаи кишвар ба хабаргирӣ наомада бошанд. Корвони хӯрока аз шаҳрҳои Истаравшану Конибодом ва маблағҳои ҷамъовардаи ризокорони Бадахшон низ ба сокинон расиданд.  

Лекин вақте аз он рӯзи наҳс бо сокинон суҳбат мекунем, оби дидаи занон ҷорӣ мешаваду, мардон эҳсосӣ мешаванд…

Ягона орзуе, ки сокинони ду тарафи марз дар суҳбат ба мо гуфтанд, ҳарчи зудтар муайян кардани хати марз аст ва умед аст, ки поёни низоъҳо хоҳад буд.

Далер Имомалӣ, Душанбе – Исфара – Бобоҷон Ғафуров – Душанбе

махсус барои ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Аксҳо аз Абдуллоҳи Ғурбатӣ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.