Баҳром Хол кист? Чаро ӯ сардори милиса дар ноҳияи Панҷ таъйин шуд?!

Баҳром Шокирзода дар мақоми сардори идораи милисаи ноҳияи Панҷ, Шамсулло Маҳмудовро иваз кард. Маҳмудов, яке аз наздикони Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ мебошад, ки феълан дар бораи мақоми наваш иттилоъ дастрас нест.

Полковник Шокирзода Баҳром ба мақоми сардори милиса дар ноҳияи Панҷ таъйин шудааст, хабар доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон. Панҷ яке аз ноҳияҳои наздисарҳадӣ мебошад, ки дар пасманзари ғасбкориҳои Толибон дар Афғонистон таваҷҷуҳ ба амният дар навоҳии наздимарзӣ тақвият ёфтааст
Дар сомонаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар бораи Шокирзода Баҳром хабар дода шудааст, ки ӯ аз моҳи феврали соли 1993 дар мақомоти умури дохилӣ кор мекунад.

Бар асоси иттилоияи расмӣ, Шокирзода Баҳром 56 сол дошта, дорои маълумоти олии ҳуқуқӣ ва соҳиби медали “Ҷасорат” мебошад.
Номбурда дар мақомҳои гуногун, аз ҷумлаи корманди отряди махсуси милисаи ШВКД дар ноҳияи Варзоб ва қисми низомии 3502 -и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВУД Тоҷикистон кор кардааст.

Сипас ӯ дар мақомҳои сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе, сардори ШВКД Ҳукумати ноҳияи Шаҳринав, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ, сардори Шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ва сардори ШВКД дар ноҳияи Фархор фаъолият доштааст.

Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Шокирзода Баҳром Хол вақтҳои охир иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *