Ба Афғонистон “баҳори Толибон” меояд

Ҷангиёни Толибон гуфтанд, ки бо расидани баҳор дар андешаи тавсеаи ҳузури худ дар Афғонистон мебошанд. Дар як сӯҳбат бо оҷонсии DPA рӯзи 3 апрел сухангӯи шӯришиён Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ки нақшаи Толибон тавсеаи ҳузури онҳо дар ҷануб — дар вилоятҳои Ҳилманду Урузгон, дар ғарб – дар Фараҳу Форёб ва дар шимол – дар Сари Пул ва Қундуз мебошад. Мақомоти интизомии ИМА мегӯянд, ки ҳукумати Кобул, ки аз ҷониби Ғарб пуштибонӣ мешавад, камтар аз 60 дар сади қаламравҳои Афғонистонро назорат мекунаду бас. Муҷоҳид гуфт, ки Толибон дар чаҳорчӯби стратегияи нави худ бар ивази воҳидҳои мусаллаҳи амалкунанда дар манотиқи мухталифи Афғонистон фармондеҳиҳои вилоятиро созмон медиҳанд. Вай гуфт, ки таваҷҷӯҳи Толибон ба ғасби марказҳои маъмурии вилоятҳо тамаркуз хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи вазири дифоъ Давлат Вазирӣ дар сӯҳбат бо оҷонсии DPA гуфтааст, ки нирӯҳои ҳукуматӣ дар талоши аз истеҳкомҳояшон берун кардани Толибон мебошанд. Як бахши талошҳои онҳо аз тақвияти нирӯҳои вижаи кишвар иборат мешавад. Вай гуфт, ки то соли 2020 шумори ин нирӯҳо бояд дучанд зиёд шавад. Аз ин пеш фармондеҳони аршади амрикоӣ гуфтаанд, ки ҷанги зидди Толибон дар Афғонистон метавонад дучори бумбаст шавад. Манзури онҳо шумори нокофии нирӯҳои кӯмаккунандаи амрикоӣ аст, ки ҳоло ба 8400 нафар мерасанд. Аксари нирӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии НАТО то охири соли 2014 Афғонистонро тарк карданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *