Байден аз чӣ сари тарс дорад ва аз Путин чӣ мехоҳад?

Гуфтугӯ телефонии Путин ва Байден танҳо дар бораи Сурия набуд, чунин ақида дорад коршинос.
Дмитрий Журавлёв, коршиноси масоили сиёсӣ тавзеҳ дод, ки чаро Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико зуд зуд ба Владимир Путин роҳбари Русия занг мезанад.Итилло дедиҳад 11 июл — Sputnik.
Дар гуфтугӯи телефонӣ, ки як соат давом дошт, ду роҳбар масъалаи амнияти киберӣ ва Суряро баррасӣ карданд.
Коршинос дар суҳбат бо хабаргузории “ФАН” таъкид доштааст, ки дар асл ду роҳбар масъалаи Сурияро баррасӣ карданд.
“Рафтори ҳукумати Амрико аз он шаҳодат медиҳад, ки дар равобити Русия ва Амрико чизе тағйир ёфтааст”, — мегӯяд Журавлев.
“Вашингтон дар ҷануб ғарби Осиё мушкилот дорад. Ҳамчунин дар дохили ИМА вазъ чандон хуб нест. Байден ба сари қудрат бо шиорҳои зидди русӣ омад, вале имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки гуфтугӯ бо Русия барои Амрико бисёр муҳим аст”, — гуфт коршинос.
Журавлев илова кард, ки суҳбати телефонии ду роҳбар ба музокироти сулҳ бо Толибон, ки ахиран дар Маскав сурат гирифт, бе робита нест.
Ба гуфтаи вай, суҳбати телефонии Байдену Путин – ин як навъи машварат аст. Байден бояд мутмаин шавад, ки барномаҳои Амрико ва Русия дар мавриди Афғонистон мухолифати ҷиддӣ, баъд аз хуруҷи нерӯҳои ИМА аз хоки ин кишвар надошта бошанд.
Коршинос меафзояд, ки президентҳои пешин кам занг мезаданд, ҳоло бошад Байден дар ин самт фаъол аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *