Барқияи Ҳасани Руҳонӣ

Ҷашни  Наврӯз на танҳо оғози соли нав, зинда гаштани табиат, балки оғӯши муҳаббат кушодан ба ҳамдигар, аз вуҷуди хештан дур андохтани бухсу ҳасад, даст ба пайкори тозаю дӯстӣ задан аст. Ҳарчанд расми ҳамасола дар яке аз кишварҳои эътирофкардаи суннатҳои наврӯзӣ ҷашн гирифтани Наврӯз андаке ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода бошад ҳам, вале роҳбарони ин кишварҳо дар ин хуҷастафом ҳамдигаррро табрик мегӯянд. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ дар барқияи худ ба ифтихори Наврӯзи оламафрӯз ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст:

“Фаро расидани иди Наврӯзро ба Ҷаноби Олӣ, Давлат ва мардуми шариф ва мусулмони Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Наврӯз зеботарин ҷашни табиат аст, ки бо гузар аз зимистон ба баҳор, умеду сарсабзиро ба армуғон меоварад. Ин чашн намоди эътидол, оромиш, гармӣ, рӯшноӣ, фаровонӣ ва тароват аст, ки Худованди бузург ба инсон арзонӣ медорад. Эътидоле, ки реша дар таҳавулоти табиат ва боварҳои дин ва аҳкоми исломи раҳмонӣ дорад.

Сулҳу иттиҳод дар минтақаи бостонии Наврӯз бар пояи хостаҳои миллатҳои муътадили ин минтақа аст. Ҷаҳони имрӯз беш аз ҳар замони дигар ба умеде ниёз дорад, ки дар партави он муҳаббат, ишқу самимиятро арҷ ниҳода ва кишварҳоро ба ҷои муқобила ба дӯстӣ даъват намояд; чаро ки миллатҳо бо доштани умед ва сулҳу оромиш метавонанд дар партави итгиҳоду дӯстӣ бо якдигар, бо чеҳраи зишт ва нописанди баромада аз каҷфаҳмӣ аз дину ифротгароии қабилаӣ, қи ҳосили он терроризм аст, муқобила намоянд.

Аз Худованди мутаол соле саршор аз шодкомӣ, саломатӣ ва муваффақият барои он Ҷаноб ва мардуми дӯсту бародари Точикистон орзу мекунам”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *