Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Баррасии вазъи Афғонистону амнияти минтақа дар ҷаласаи хадамоти махсуси ИДМ

   Ҳайати мақомдорони амниятию истихборотии Тоҷикистон дар Маскав қарор дошта, мулоқоташон бо Владимир Путин дар назар аст

Владмир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи 13-уми октябр бо сарони хадамоти махсуси Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус ва Туркманистон мулоқот мекунад.

Мулоқоти Путин бо роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар шакли видеоӣ баргузор мегардад, хабар дод хадамоти матбуотии Кремл.

Таъкид шудааст, ки ҳайати мақомдорони амниятӣ барои иштирок дар ҷаласаи 17-уми Мушовараи роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти истихборотии кишварҳои узви ИДМ ба Маскав меоянд.

Ин мулоқот имрӯз 13 октябр дар назар аст.

Ҳайати Русияро дар мулоқот мудири Хадамоти истихбороти хориҷӣ Сергей Наришкин роҳбарӣ мекунад.

Оид ба  мавзуъҳои мулоқот мушахассан ягон чизе гуфта нашудааст, аммо аз эҳтимол дур нест, ки дар ин ҳамоиш вазъи Афғонистону амнияти минтақаӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот хоҳанд буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.