Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Борис Немтсовро барои пул куштанд?

Кумитаи тафтишотии Русия баҳонаи асосии қатли Борис Немтсовро “ангезаи ғаразнок” номид. Владимир Маркин, намояндаи ин кумита, гуфт, ҷинояткорон “бо ваъдаи қадрдонии пулӣ дар ҳаҷми 15 миллион рубл” аз моҳи сентябри соли 2014 ба сӯиқасд омодагӣ дидаанд.

Ба ин тартиб, Кумитаи тафтишотӣ сабаби қатли сиёсатмадорро бо ангезаҳои бадбинии динӣ беэътибор донист. Маркин гуфт, таҳқиқи панҷ зодаи Чеченистон, ки бо гумони қатли сиёсатмадор боздошт шудаанд, ба охир расида, нисбат ба созмондиҳандаи эҳтимолӣ ва фармоишгари қатл, ки аз ӯ Руслан Муҳиддинов ном бурда мешавад, ҳанӯз тафтишот идома дорад.

Борис Немтсов, яке аз раҳбарони мухолифини ҳукумати кунунии Русия ва раҳбари ҳизби ПАРНАС, шаби 27 феврали соли 2015 дар наздикии Кохи Кремл дар Маскав кушта шуд. Бо гумони қатли ӯ Заур Дадаев, Шадид ва Анзор Губашевҳо, Темерлан Эскерханов ва Ҳамзат Баҳаев боздошт шудаанд. Моҳи ноябри соли гузашта додгоҳ ғоибона созмондиҳандаи эҳтимолии куштор — узви пешини баталони «Шимол»-и Вазорати корҳои дохилии Чеченистон Руслан Муҳиддиновро ба ҳабс гирифт.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj