Чӣ тавр Эрдуғон шаби табаддулот аз марг наҷот ёфт?

Тавре,ки телевизиони  Al Jazeera.хабар медиҳад, шаби табаддулот дар Туркия президенти ин кишвар Эрдуғон ба таври мӯъҷизанок аз марг наҷот ёфт.

Он шаб ӯ дар меҳмонхонаи шаҳраки курортии Мармарис қарор дошт ва ҳамагӣ ним соат пеш аз он.ки ба ин ҷо қувваи табаддулотчиён омада рассад, он ҷойро тарк кард. Ӯ он вақт бо чархбол меҳмонхонаро тарк карда. Баъдан бо тайёра ба Анқара омад. Пас аз чанд дақиқиаи аз бино баромалани президент се чархболи низомиёни табаддулотгар ба ин ҷо омад ва 25 нафар қувваҳои махсус ба воситаи таноб аз онҳо поин шуда. Хостанд президентро боздоранд ва ё кушанд. Аммо ӯ аллакай дар он ҷо набуд, гуфта мешавад дар маълумотномаи  телеканали CNN Turk. Баъдан вақте ,ки Эрдуғон савори тайёра аз Мармарис ба Анқара парвоз мекард, ду лётчики ҷонибдори шӯришчиён тайёраи ӯро аз тайёраи ҷангии F-16 ба нишон гирифта буданд, аммо дар лаҳзаи охир бо сабаби он,ки тайёраи президентро ду тайёраи ҷангии  F-16, ҷоинбдорони президент ҳамроҳӣ мекарданд, аз ин кор даст кашиданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *