Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Cубраманям Джайшанкар: Натиҷигирӣ ҳанӯз барвақт аст

Мусоҳибаи Шариф Ҳамдампур, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраманям Джайшанкар

Ҷаноби Субраманям Джайшанкар, Шуморо ба пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе хайрамақдам мегӯям.

– Ташаккур. Ҳамчунин, ба Ҳукумати Тоҷикистон барои даъват ҷиҳати иштирок дар Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” ва мулоқоти дуҷониба изҳори миннатдорӣ мекунам.

– Ҳиндустон як кишвари калидӣ на танҳо дар қитъаи Осиё, балки ҷаҳон мебошад. Иштироки Шумо дар ин конфронс омили муҳими таъмини сулҳу субот дар Афғонистон аст. Мутаассифона, ҷанг дар Афғонистон ба мушкилоти ҷаҳонӣ, монеаи густариши равобити иқтисодии Ҳиндустон бо кишварҳои минтақа гаштааст.

Сулҳ ва субот дар Афғонистон барои минтақа муҳим аст. Ҳиндустон ҳамеша ҷонибдори Афғонистони соҳибихтиёр, сулҳпарвар ва муттаҳид буд ва дар роҳи пойдории суботу амният дар ин кишвар талош меварзад.  Мардуми Афғонистон пайваста алайҳи хушунат ва куштори мардуми осоишта ҳарф мезананд. Ин кишвар ба коҳиши хушунат ва оташбаси доимӣ ниёз дорад. Ин нидо имрӯз дар ҳамоиши Душанбе садо дод.

Набудани робитаи заминӣ монеаи рушди тиҷорат ва савдо миёни Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ гаштааст. Мо бояд ин монеаро бартараф созем, роҳу воситаҳои тавассути долони байналмилалии нақлиётии Шимолӣ ва Ҷанубӣ, бандари Чобаҳор ба ҳам пайвастанро пайдо кунем.

Ҳиндустон дар соҳаи савдо, тиҷорат ва сармоягузорӣ (СВМДА) дар доираи HoA-IP, барои таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва ҳамгироии бештари иқтисодии Афғонистон бо минтақа, чораҳои боэътимод меандешад. Долони махсус барои интиқоли борҳои ҳавоӣ байни ҷумҳуриҳои Ҳиндустон ва Афғонистон ва ба истифода додани бандари Чобаҳор, яке аз тадбирҳои дар ин самт андешидашуда ба ҳисоб мераванд.

-Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро вазъи сиёсии Афғонистон нигарон кардааст. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдор ва пуштибони суботу амният дар ин кишвари ҳамсояаш буд ва ҳаст. Аз нигоҳи Шумо, роҳи асосии таъмини сулҳ  дар  Афғонистон  кадом аст?

-Ҳиндустон ҷонибдори сулҳ, шукуфоӣ ва субот дар Афғонистон аст ва  ҷонибҳои манфиатдори минтақа ва байналмилалро ба ин раванди созанда ҷалб мекунад. Боздид дар Душанбе робитаи моро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таъмини сулҳ дар Афғонистон беҳтару бештар хоҳад кард.

Терроризм, экстремизми динӣ на танҳо мушкилоти минтақа, балки ҷаҳони муосир мебошанд. Назари Шумо барои решакан кардани ин мушкилот дар минтақа чист?

-Мо бо терроризм дар ҳама шаклҳо ва зуҳуроти он мубориза мебарем. Терроризмро дар ягон асос, хоҳ сиёсӣ, динӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ сафед кардан мумкин нест. Паҳншавии ташкилотҳои террористӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва афзоиши назарраси ҳамлаҳои террористӣ мустақиман ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ халал мерасонанд ва ба талошҳои доимӣ барои таҳкими иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувор таҳдид мекунанд.

Мо қатъиян тавсия медиҳем, ки таҳдиди терроризми ҷаҳонӣ тавассути усули ҳамгирошуда, аз ҷумла, муқовимат бо экстремизми хушунатомез, радикализм, халалдор кардани ҳаракатҳои террористӣ, қатъ кардани тамоми манбаъҳои маблағгузории терроризм, қатъ гардидани ҷараёни фаъолияти террористони хориҷӣ, барҳам додани инфрасохтори террористӣ ва муқовимат бо таблиғоти терроризм тавассути Интернет, барҳам дода шавад.

Мо бояд сарпарастон ва тарафдорони терроризмро маҳдуд созем, аз ҳамаи кишварҳо даъват мекунем, ки ҳамкориҳоро дар самти мубодилаи иттилоотӣ, ҳамоҳангсозии масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ, рушди таҷриба ва технологияҳои пешрафта, кӯмаки ҳуқуқии мутақобила, чораҳои истирдод, таҳкими иқтидор ва ғайра дар мубориза бо терроризм афзоиш диҳанд.

Ҳиндустон дар талошҳояш дар мубориза бо терроризм дар сатҳи байналмилалӣ ҳама роҳу воситаҳоро дастгирӣ мекунад ва дар ташаккули афкори ҷамъиятии байналмилалӣ нақши роҳбарикунандаро мебозад ва ҷомеаи ҷаҳонро даъват мекунад, ки мубориза бо терроризмро дар мадди аввал гузоранд.

Таъмини ҳамкориҳои амниятӣ вазифаи таъхирнопазир аст ва бояд ба сиёсате асос ёбад, ки пуштибонони терроризм, онҳоеро, ки террористонро паноҳ медиҳанд, дастгирӣ ва сарпарастӣ мекунанд, маҳкум намояд, онҳо бояд террористони “хуб” ва “бад” -ро фарқгузорӣ накунанд, балки дастҷамъона бар зидди он муқовимат намоянд.

Бардошти Шумо аз ҷаласаи 9-уми «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» чист?

– Мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ бароям таҷрибаи муфид ва саривақтӣ буд. Ман имконият доштам мулоқот ва мубодилаи афкори худро бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Афғонистон доктор Ашраф Ғанӣ ва намояндагони дигари кишварҳои минтақа анҷом диҳам. Дар ин мулоқотҳо зарурати ҳамоҳанг сохтани манфиатҳои ҳамаи кишварҳоро ҷиҳати коркарди қарорҳои умумӣ таъкид кардам.

Дар робита бо Афғонистон, агар раванди сулҳ муваффақ бошад, бояд кафолат дода шавад, ки тарафҳои музокиракунанда барои расидан ба ҳалли сиёсӣ садоқат нишон диҳанд. Мо ҷонибдори Афғонистони фарогир ҳастем, ки тавонад муноқишаҳои даҳсолаҳоро паси сар кунад. Барои ин, мо бояд ба принсипҳое, ки Қалби Осиё кайҳо дар худ таҷассум кардааст, содиқ бошем. Ҳамаи ширкаткунандагон дар бораи коҳиш додани хушунат ва дар Афғонистон бастани оташбаси доимӣ ва ҳамаҷониба ба тавофуқ расиданд.

-Аз натиҷаи ҳамоиш қаноатмандед?

-Алабтта,  ҳамоиши мазкур имконоти муҳим барои муҳокимаи масъалаҳои марбут ба субот дар Афғонистон фароҳам овард. Ҳоло аз кори ин ҷаласа натиҷагирӣ кардан барвақт аст. Зеро вазъияти Афғонистон то кунун бетағйир мондааст.

– Коршиносони масоили сиёсӣ бар он  назаранд, ки ягона роҳи таъмини субот дар Афғонистон таъсиси давлати федеративӣ аст. Шумо бо ин назар мувофиқ ҳастед?

-Ин масъаларо фақат миллатҳои Афғонистон метавонанд ҳал кунанд.  Дар асоси кадом принсип таъсис додани давлату давлатдорӣ марбут ба онҳост.  Ҳиндустон  ҳамчун кишвари  дӯсту ҳамсоя интихоби мардуми Афғонистонро пазируфта, дастгирӣ менамояд.

-Ҳиндустон кишвари башардӯст буду ҳаст ва умедворем, ки чунин боқӣ хоҳад монд. Мавҷудияти дину равияҳои гуногун дар кишвари Шумо шоҳиди ин гуфта мебошанд. Чунин тарзи муносибат аз чӣ бармеояд: табиати мардуми Ҳиндустон, қонунҳои ин кишвар ё ин ҷо асрори дигаре ниҳон аст?

-Ҳиндустон сарзамини бостонии гуногунандешии динӣ ва гуногунфарҳангӣ мебошад. Мо як тамаддуни 5000-сола дорем ва нимҷазираи Ҳиндустон зодгоҳи чандин динҳои асосии ҷаҳон аст. Ин гуногунрангӣ ва гуногунандешӣ на танҳо ҷузъи ҷовидонаи сохтори иҷтимоии мост, балки дар одобу ахлоқи мо реша давондааст. Он дар табиати мардуми Ҳиндустон аст ва аз ин рӯ, дар конститутсияамон низ ифода ёфтааст.

-Дар ҳошияи ин ҳамоиш мулоқоти Шумо бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  баргузор шуд. Кадом масъалаҳо дар суҳбати ҷонибҳо матраҳ шуданд?

-Асосан масоили амният, иқтисод, маориф ва тандурустӣ мавзӯи суҳбати мо буданд. Мо омодагии худро  дар пешрафти иқтисоди Тоҷикистон, махсусан рушди саноат  баён доштем. Зеро Ҳиндустон дар ин самт таҷрибаи хуб дорад.  Инчунин, масоили амнияти минтақа ва субот дар Афғонистонро, ки барои Тоҷикистон муҳим аст, матраҳ намудем.

-Мавзӯи ваксина ҳам мавриди баррасӣ қарор гирифт?

-Ҷаҳон замони бесобиқаро аз сар мегузаронад. Бо вуҷуди ин, Сарвазир Нарендра Модӣ ваъда дод, ки имкониятҳои Ҳиндустон дар истеҳсоли ваксина ба манфиати башарият истифода карда мешаванд. Тибқи барномаи “Vaccine Maitri”, мо ба зиёда аз 80 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла шарики дӯст ва наздики худ – Тоҷикистон, зиёда аз 64 миллион воя ваксинаҳои ‘Made in India’ фиристодем.

-Ҳиндустонро бо Тоҷикистон на танҳо фарҳанги муштарак – тафаккури ягона, дастовардҳои адабӣ, фарҳангӣ, меъморӣ, балки наздикии сарҳад аз тариқи долони Вахони вилояти Бадахшон мепайвандад. Оё имкони аз тариқи роҳи заминӣ тавассути ин долон ба ҳам пайвастани Тоҷикистону Ҳиндустон вуҷуд дорад?

Дуруст қайд кардед, ки Тоҷикистон ва Ҳиндустон таърихан мероси ягонаи фарҳангию забонӣ, тӯли ҳазорсолаҳо равобити хуби рафтуомад доранд. Шояд шумо огоҳ бошед, ки Ҳиндустон дар минтақаи долони Вахон бо Афғонистон, ки тақрибан 160 км марзи муштарак дорад. Бо назардошти иқтисодиёт ва бозори бузург, Ҳиндустон метавонад ба рушди иқтисодии минтақа саҳм гузорад, агар иқтисоди кишварҳои минтақа ва ҳамсоя ба иқтисоди Ҳиндустон тавассути тиҷорат, воридоту содирот, сармоягузорӣ пайваст шаванд.

Зарурати ҳамкории наздиктари ду кишвар вуҷуд дорад, ки боиси рушди иқтисоди Тоҷикистон мегардад. Роҳи заминӣ тавассути Афғонистон ва тавассути бандари Чобаҳор барои тавсеаи тиҷорат имкониятҳои зиёдеро фароҳам меорад. Мо бояд дар самти густариши роҳи ҳавоӣ низ кор кунем. Байни Афғонистон ва Ҳиндустон як долони боркашонии ҳавоиро ба роҳ мондем. Мо ба чунин долонҳо байни Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ниёз дорем.

-Густариши равобит миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар кадом самтҳо афзалиятнок ҳастанд?

-Ҳиндустон метавонад бозори хубе барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти тару тоза, меваҷоти хушк, гиёҳҳои шифобахш, пахта, металлу сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва ғайра бошад. Бо имконоти илмӣ ва техникии худ Ҳиндустон метавонад барои Тоҷикистон ҳамчун манбаи воридоти доруворӣ, ки аллакай амалӣ шуда истодааст, инчунин, таҷҳизоти табобатӣ, ташхисӣ, ашё ва таҷҳизоти муҳандисӣ бошад.

Ҳамзамон, ҳамкориҳои рушд як сутуни муҳими муносибатҳои дуҷонибаи мо гардиданд. Тӯли солҳои охир дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳоро бо кӯмаки грантӣ бомуваффақият ба анҷом расонидем, аз ҷумла муҷаҳҳазгардонии мактабҳо бо таҷҳизоту технологияи иттилоотӣ, корхонаи коркарди хӯрокворӣ, сехи муҳандисӣ, корхонаи дорусозӣ, марказҳои ТИ, барқарорсозӣ ва модернизатсияи нерӯгоҳи Варзоб-1 ва ғайра. Мо аз иштирок дар сохтмони роҳи 8-қатораи Душанбе-Чортут, ки соли оянда ба итмом мерасад, хушҳолем ва ин ба коҳиши сарбории нақлиётии Душанбе мусоидат мекунад. Мо, инчунин, лоиҳаҳои нави грантиро барои рушди ҷомеа   ва дар доираи хати қарзии худ дар Тоҷикистон баррасӣ мекунем. Омӯзиш ва баланд бардоштани иқтидор яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории мо боқӣ хоҳад монд. Тоҷикистон дар соҳаи тавлиди гидроэнергетика нақши азим дорад, аз ҷумла нерӯгоҳҳои хурду бузурги обӣ. Таҷҳизоти лозима барои чунин лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва эҷоди инфрасохтор барои интиқоли нерӯи барқ метавонад яке аз самтҳои дигари ҳамкориҳои эҳтимолӣ гардад.

Як соҳаи дигари имконпазири ҳамкорӣ, ки дорои иқтидори азим аст, сайёҳӣ мебошад. Агар ширкатҳои сайёҳӣ ва сайёҳони Ҳиндустон бо имкониятҳои бузурги сайёҳӣ ва ҷойҳои тамошобоби Тоҷикистон шинос шаванд, мо метавонистем афзоиши назарраси гардиши сайёҳиро аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон ба роҳ монем. Даромаде, ки аз сафари сайёҳони Ҳиндустон ба даст оварда мешавад, метавонад асос барои рушди бисёр соҳаҳои хизматрасонӣ дар Тоҷикистон гардад. Ҳиндустон макони  хизматрасониҳои тиббии сатҳи ҷаҳонӣ бо нархи дастрас аст, ки аз он шаҳрвандони Тоҷикистон босамар истифода мебаранд. Барои боз ҳам тақвият додани омадурафт, зиёд кардани парвозҳои дуҷониба, ки ба густариши ҳамкории байни соҳибкорон ва тоҷирони ду ҷониб мусоидат мекунад, зарур аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.