Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Қирғизистон чӣ мегузарад?

Вакили аз ҳизби мухолифи парлумонии «Бир Бол» Мыктыбек Абдылдаев минбаъд парлумони Қирғизистонро роҳбарӣ мекунад.

Вай ин вазифаро пас аз истеъфои раиси парлумон Дастанбек Ҷумабеков ҳангоми ҷаласаи ғайринавбатии парлумон ишғол кард.

Дар ин ҷаласа номзадӣ ба мақоми сарвазири сиёсатмадори мухолиф Содир Ҷапаров баррасӣ шуд. Ҳизби “Бир Бол” узви шӯрои ҳамоҳангсозӣ шуд, ки онро нерӯҳои сиёсии мухолиф дар Қирғизистон таъсис доданд, менависад Интерфакс.

Муовини раиси парлумон Мирлан Бакиров ба рӯзноманигорон гуфт, ки интихоби раиси ҳукумати муваққатӣ барои баромадан аз вазъи бӯҳронии рӯзҳои охир зарурист. Вай инчунин зарурати интихоби вакилони навро низ зарур шуморид.

Даргириҳо дар Бишкек рӯзи душанбеи 5 октябр, пас аз эълони натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ дар парлумони Қирғизистон оғоз ёфт. Якчанд ҳизби мухолиф ба сабаби тақаллуб дар интихобот эътироф кардани натиҷаҳои онро рад карданд. Тазоҳургарониро лағви натиҷаҳои овоздиҳӣ ва баргузории интихоботи такрориро талаб карданд.

Қаблан NEWS.ru хабар дод, ки чандин корхонаи бузурги Қирғизистонро шахсони номаълум ғасб кардаанд, корхонаҳо корро қатъ мекунанд. Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 6 октябр хабар доданд, ки шахсони номаълум кони миси Бозимчак дар минтақаи Ҷалолобод, тилло ва инчунин кони ангишти Кара-Кече дар ноҳияи Норин ва Иштамбердиро ғасб кардаанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.