Дар Тошканд хонандагонро бо рӯймол ба дарс роҳ намедиҳанд

Дар назди дарвозаи мактабҳои яке аз ноҳияҳои шаҳри Тошканд ҳар субҳ омӯзгорон хонандагонро маҷбур мекунанд, ки рӯймолҳои худро бигиранд.

 Дар ҷаласаи шуъбаи маориф ба иштирокдорон дастур мешавад, ки аз охирҳои моҳи сентябри соли равон хонандагонро бо рӯймолҳои мазҳабӣ ба дарсҳо роҳ надиҳанд.

«Соати 7-и субҳ бояд дар назди дарвозаи мактаб як зан ва як мард истанд ва онҳоро ҳамроҳ бо хонандагоне, ки дер меоянд, акс гирифта ба ман фиристанд», — мегӯяд мудири шуъбаи маорифи яке аз ноҳияҳои Тошканд.

Ӯ ҳамчунин аз муовини мудири мактабҳо даъват мекунад, ки бо эҳсоси волидони диндор бозӣ накарда, рияои либоси ягонаи мактабиро қотеона талаб кунанд. «Вақте омӯзгори мард ба духтарҳо мегӯяд, ки «рӯймолатро каш» ба падари онҳо сахт мерасад. Зеро барои онҳо баробар бо талаби кашидани изор аст. Бинобар ин, хоҳиш мекунам, дар назди дарвозаи мактаб омӯзгорони зан ҳам истанд ва хонанда бояд пеш аз дохил шудан рӯймоли худро бигирад ва ба навбатдор диҳад. Пас аз дарс навбатдор вақте хонанда аз ҳудуди мактаб берун шуд, рӯймолашро баргардонад. Волидон бояд дар хонаҳои худ амру фармон диҳанд. Хонандаҳо дар мактаб бояд ба талаботи шумо итоат кунанд»- афзуд вай.

Яке аз иштирокдорони ҷаласаи мазкур гуфт, дар ҳоли ҳозир иҷрои қарори Девони вазирони Ӯзбекистон дар бораи либоси ягонаи мактабиро на танҳо кормандони соҳаи маориф, балки мақомоти махсус ва ҳукуматҳои маҳаллӣ низ назорат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *