Дар Туркманистон гиромидошти хотираи президенти пешин маҳдуд гардид

Дар як ҷаласаи ҳукумати Туркманистон, ки ахиран баргузор шуд, тасмим гирифта шуд, гиромидошти хотираи президенти пешини он кишвар Сафармурод Ниёзов маҳдуд карда шавад.

Ёдоварӣ аз Ниёзов танҳо ҳангоми баргузории чорабиниҳои расмӣ дар пойтахти кишвар — дар маросими гулгузорӣ дар пояи тандиси Ниёзов иҷозат аст. Ба мақомдорони вилоятҳои он кишвар хабар доданд, ки дар ҷараёни маросимҳои анъанавӣ ёдоварӣ аз Ниёзов «ғайри қобили қабул» аст.

То ин замон дар рӯзи марги президенти пешини Туркманистон ҳамаи муассисаҳо (давлативу ғайридавлатӣ) метавонистанд, маъракаҳои гиромидошт аз президент Ниёзовро баргузор кунанд.

Маросими ёдбуди Ниёзов дар шаҳри Ишқободи Туркманистон рӯзи 21 декабр баргузор шуд. Дар ин маросим президенти кунунии Туркманистон ширкат варзид. Телевизионҳои давлатии он кишвар аз гулгузорӣ дар пояи тандиси Ниёзов хабар надоданд.

Сафармурод Ниёзов солҳои 1985-2006 Туркманистонро роҳбарӣ кард. Вай ҳамчунин унвони Туркманбошӣ ё Падари туркманҳоро дошт ва чандин унвону медалҳои дигар соҳиб шуда буд. Ба ифтихори вай дар Ишқобод ва чанд шаҳри дигари кишвараш тандис гузошта шуд.

Аммо баъди марги Ниёзов қадам ба қадам маҳви шахсияти вай шуруъ шуд. Дар соли 2007 дар Туркманобод яке аз тандисҳои Ниёзовро тахриб карданд ва дар соли 2008 тасмим гирифта шуд, ки тандиси президенти пешин аз маркази шаҳир Ишқобод ба канора бурда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *