Дариға Назарбоева дар интихоботи президентӣ ширкат намекунад

Дариға Назарбоева, раиси палатаи болоии парлумони Қазоқистон ва духтари калонии Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар дар интихоботи президентӣ дар 9 июни соли ҷорӣ ширкат нахоҳад кард.

Дариға Назарбоева, раиси палатаи болоии парлумони Қазоқистон ва духтари калонии Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар дар интихоботи президентӣ дар 9 июни соли ҷорӣ ширкат нахоҳад кард.

Дар ин бора Саула Мустафоева, ёрдамчии Дариға Назарбоева хабар додааст.

Қаблан, хонуми Назарбоева таъкид карда буд, ҳар шаҳрванди Қазоқистон ҳаққи ширкат дар интихоботи президентиро дорад ва пешниҳоди номзадҳоро ҳизбҳои сиёсӣ ба ӯҳда доранд.

Дариға Назарбоеваи 55-сола рӯзи 20 март, пас аз истеъфои падараш аз симмати президентӣ ва ба ин мақом таъйин шудани Қосим Ҷормат Токаев раиси палатаи болоии парлумони ин кишвар интихоб шуд.

Нурсултон Назарбоев падари се духтар аст. Дариға духтари калонӣ раиси палатаи болоии парлумон аст. Духтари дуюм Динора Қулибоева якҷо бо шавҳараш Тимур Қулибоев саҳмияҳои корхонаҳои бузурги Қазоқистонро дар даст дорад.

Тимур Қулибоев миллиардер буда ва раёсати Палатаи миллии соҳибкоронро ба ӯҳда дорад. Ҳамчунин, Бонки миллии Қазоқистонро назорат мекунад.

Духтари хурдии Назарбоев-Олия сиёсати экологии Қазоқистонро пеш бурда, ҳамзамон ба соҳибкорӣ ва коргардонии синамо машғул аст. Ӯ соли гузашта ба Ҷоизаи давлатии Қазоқистон дар бахши адабиёт ва санъат сазовор шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *