Дарси… “Назарбоевшиносӣ” дар Қазоқистон

Як донишманди қазоқ пешниҳод кардааст, ки дар муассисоти омӯзишии Қазоқистон дарси нави “Назарбоевшиносӣ” ҷорӣ шавад.

Як донишманди қазоқ пешниҳод кардааст, ки дар муассисоти омӯзишии Қазоқистон дарси нави “Назарбоевшиносӣ” ҷорӣ шавад.

Нуралӣ Уткелбоев, профессори Донишгоҳи  давлатии Чимкенти ин кишвар ин идеяро пешниҳод карда ва навиштани китоби дарсиро низ барои тадриси ин фан ба ӯҳда гирифтааст.

Бино ба иттилои манобеъи ғайрирасмӣ, вазорати маориф ва илми Қазоқистон ба ин пешниҳод посухи мусбӣ додааст.

Нуралӣ Уткелбоев гуфтааст, мақолаҳои илмию иҷтимоӣ, суханрониҳо, паёмҳо ва китобҳои Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон 101 ҷилдро ташкил медиҳад, ки онҳо таърихи ташаккул ва рушди давлати мустақили Қазоқистонро фаро мегирад.

Нурсултон Назарбоев, ки моҳи март аз мақоми раиси ҷумҳурӣ истеъфо дод, имсол ба синни 79 медарояд. Ӯ зимоми қудратро дар Қазоқистон ҳанӯз пеш аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар соли 1989 ба даст гирифт. Соли 1990 бори нахуст президенти Қазоқистон интихоб шуда, дар чанд интихоботи президентии баъдӣ низ баранда эълон гашт. Муҳлати президентии ахири ӯ соли 2020 ба поён мерасид.

Расонаҳои Қазоқистон бори нахуст соли 2016 дар бораи бад шудани саломатии Назарбоев расман хабар доданд, ки боиси лағви сафараш ба Арманистон шуда буд. Баъд аз ин Назарбоев тасмим гирифт, салоҳиятҳои президентро байни ҳукумат ва порлумони Қазоқистон тақсим ва духтари калонияшро узви палатаи болоии порлумон таъйин кунад.

Қосимҷомарт Тоқаев, ки дар гузашта раиси сенати Қазоқистон буд, пас аз истеъфои Назарбоев президенти муваққати ин кишвар таъйин шуд. Ӯ 9 апрел эълом кард, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қазоқистон 9 июн баргузор мешавад.

​Духтари калонии Назарбоев — Дариға Назарбоева ба ҷои Тоқаев раиси сенат — палатаи болоии порлумони Қазоқистон таъйин шудааст. Бар асоси Конститутсияи Қазоқистон, дар сурати истеъфои президент раҳбарии кишварро муваққатан раиси сенат бар зимма хоҳад гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Featured Video Play Icon
نازیه و محمدرفی کرامت‌الله برنامه کنسرتی برگزار می‌کنند!
-->

Ба боло