Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикҳо дар Ҳукумати Афғонистон бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд

25  -уми августи соли равон дар шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон мавзқеи расмии кишварро дар ростои рӯйдодҳои Афғонистон дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Покистон дар Душанбе баён доштааст.

Муҳимтарин нуктаи он ҳифзи ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон аст, ки ба навиштаи дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон «зиёда аз 46 дарсади аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд».

«Тоҷикистон ҳеч гуна ҳукуматеро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард. Таъкид гардид, ки тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд», — таъкид медорад манбаъ.

Дафтари матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, ки  «имрӯз яке аз таҳдидҳои бузург барои амнияти минтақавӣ вазъи кунунии Афғонистон мебошад. Афғонистон бар асари хуруҷи нерӯҳои эътилофӣ аз қаламрави он имрӯз дар остонаи фоҷеаи гуманитарӣ қарор дорад. Вазъи мураккаби хатарноке, ки тайи рӯзҳои ахир дар ин кишвар ташаккул ёфта истодааст, танҳо мушкилоти мардуми Афғонистон нест, балки аз масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонии имрӯз аст».

Ҳамчунин, манбаъ  аз ин натиҷаи ин мулоқот навишт, ки «ба сари қудрат омадани ҳаракати Толибон дар Кобул раванди геосиёсии минтақаро дар марҳилаи кунунӣ боз ҳам печида кардааст. Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд».

«Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, ӯзбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд. Дар мулоқот таъкид гардид, ки Афғонистони ҷабрдида ва ин миллати ба мо дӯсту бародар набояд дигарбора ба гирдоби ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад»,-гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар асоси таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оиди роҳҳои таъмини сулҳу субот ва рушди муътадили минбаъдаи кишвари ҳамсоя пешниҳодҳои худро ба ҷониби Покистон расонид. Аз ҷумла:

 — Баъдан дар сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад;

— Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард;

 — Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афгонистон ва ҳарчӣ тезтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фавриро бинад;

 — Беэътиноии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрӯзаи Афғонистон метавонад ба ҷанги давомноки шаҳрвандӣ ба ин кишвар оварда расонад.

 — Тоҷикистон тарафдори барқарории ҳарчӣ зудтари сулҳу субот ва амнияти Афғонистони ҳамсоя ҳаст  ва дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.

Гуфта мешавад вазири корҳои хориҷаи Покистон барои баҳс сари ҳукумати ояндаи Афғонистон ба чанде аз кишварҳои минтақа ва ҳамсояи Афғонистон сафар анҷом медиҳад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.