Эрдуғон хостори таҳқиқи байналмилалии марги Мурсӣ шуд

Раҷаб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ба таҳқиқи байналмилалии марги президенти пешини Миср Муҳаммад Мурсӣ даъват кард. Мурсӣ ҳангоми баррасии парвандаи хиёнат ба давлати худ рӯзи душанбе, 17 июн дар додгоҳ ҷон дод.

Раҷаб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ба таҳқиқи байналмилалии марги президенти пешини Миср Муҳаммад Мурсӣ даъват кард. Мурсӣ ҳангоми баррасии парвандаи хиёнат ба давлати худ рӯзи душанбе, 17 июн дар додгоҳ ҷон дод.

Эрдуғон гуфт, тамоми талошашро мекунад, то сабабҳои марги Муҳаммад Мурсӣ дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла аз сӯи Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ таҳқиқ карда шавад. «Мурсӣ 20 дақиқа дар рӯи фарши толори додгоҳ хобидааст ва касе ҳам натавонистааст ба ӯ кумак кунад. Мурсиро куштанд», — изҳор дошт президенти Туркия.

Вазири умури хориҷии Миср Аҳмад Ҳофиз рӯзи чаҳоршанбе аз ин иддао интиқод кард, вале дақиқ нагуфт, ки сухан аз раҳбари Туркия меравад. «Бархе аз соҳибмансабҳо дар бораи эҳтиром ба арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ҳарф мезананд, вале амалҳояшон нишон медиҳад, худи онҳо танҳо талош доранд, ки бо ҳар роҳе қудратро ҳифз кунанд», — афзуд Ҳофиз. Ӯ суханҳои Эрдуғонро «талоши сиёсисозии марги табиии Муҳаммад Мурсӣ» номид.

Муҳаммад Мурсии 67-сола, аз раҳбарони асосии «Ихвон-ул-муслимин», яке аз созмонҳои исломии мамнӯъ дар Миср буд. Ӯро баъди як соли раёсати ҷумҳурӣ дар Миср дар соли 2013 баъди тазоҳуроти азими мардумӣ артиши кишвар барканор кард.

Баъд аз ин фаъолияти гурӯҳи “Бародарони Мусалмон» (Ихвон-ул-муслимин), ки аз Мурсӣ пуштибонӣ мекард, манъ карда шуд ва ҳазорон аъзои он ба зиндон андохта шуданд. Мурсӣ аввалин раиси ҷумҳуре буд, ки пас аз сарнагунии ҳукумати Ҳуснӣ Муборак аз роҳи демократӣ дар интихобот раҳбари як кишвари арабӣ шуд. Вайро ба хиёнат ба ватан муттаҳам мекарданд ва аз соли 2013 дар зиндон буд.

Созмони Human Rights Watch гуфт, марги Муҳаммад Мурсӣ «фоҷиаангез», вале «пешгӯишаванда» буд, чун мақомот иҷоза надоданд, ки ба ӯ кумаки пизишкӣ расонда шавад. Яке аз аъзои баландпояи созмони «Бародарони Мусалмон» дар Лондон Муҳаммад Судан марги Мурсиро ба «куштори аз қабл тарҳрезишуда» баробар донист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *