Эрон ғанисозии уранро идома медиҳад

Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, кишвараш маҳдудияти ғанисозии уранро дигар риоя намекунад.

Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, кишвараш маҳдудияти ғанисозии уранро дигар риоя намекунад.

Ба гуфтаи Руҳонӣ, Эрон ғанисозии уранро то ба андозае, ки мехоҳад, идома медиҳад. Вай гуфт, агар бо ИМА созише ҳосил шавад, ин тасмими онҳо дар давоми як соат бекор карда мешавад ва бинобар ин, ҷомеаи байналмилалӣ набояд нигарон шаванд.

Президенти Эрон дастур дод, ки агар Вашингтон таҳримҳои зидди Теҳронро камтар накунад, корҳо дар истгоҳи шаҳри Арок дубора аз сар гирифта шаванд. Корҳо дар ин истгоҳ соли 2015, пас аз созиши ҳастаии Теҳрон бо абарқудратҳои ҷаҳон қатъ шуда буданд.

Созмони Энержии Атомии Эрон 1 июл гуфт, захираи урани ғанишудаи ин кишвар аз мизоне, ки дар доираи созиши соли 2015 иҷозат дода шуда буд, зиёдтар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *