Евгений Радионов, коршиноси мустақил: Ворух анклав нест, факт аст!

Оё Ворух анклав аст ва ё экспансионизми қирғизӣ тавассути призми ҳуқуқи байналмилалӣ ҳаққи онро дорад, ки ин минтақаро анклав гуяд? Не! Зеро мувофиқи ҳуҷҷатҳое, ки маъмурияти деҳаи қирғизнишини Оқсой доранд, то соли 1975 дар ин ҷо ҳеҷ як сокине, ки дар ин деҳа таваллуд шуда бошад, ба қайд огирифта нашудааст.

Аз ин рӯ, ин деҳа бо сокинони қирғиз то соли 1975 вуҷуд надошт. Аз гуфтаҳои боло  хулосаи бебаҳс бармеояд, ки деҳаи қирғизии  Оқсой  дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пас аз соли 1974 дар натиҷаи муноқишаи байни аҳолии деҳаи Ворух ва якчанд оилаҳои қирғизи сокини деҳаи Танги Ворух  пайдо шудааст. 

Тавре ки шумо медонед, далелҳо  чизи якраванд ва ба ҳеҷ ваҷҳ сарфи назар кардани онҳо маънои онро надорад, ки онҳо вуҷуд надоранд, Дар мавриди деҳаи Танги Ворух бошад, бояд қайд кард, ки ин деҳа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст ва аз ин рӯ, пас аз таҳқиқи муноқишае, ки соли 1975 рух дод, Прокуратураи генералии СССР қарор қабул кард: аҳолии қирғиз, ки дар қаламрави ҶШС Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва бояд онҳоро ба тобеияти  маъмурии ноҳияи Исфараи ҶШС Тоҷикистон интиқол дод. Бо назардошти гуфтаҳои боло, таъкид кардан муҳим аст, ки дар Тоҷикистон қирғизҳои этникӣ ҳамчун шаҳрвандони комил дар минтақаҳои Мурғоб ва Ҷиргитал ва дар деҳаи Матпарии ноҳияи Исфара ба таври дастаҷамъона зиндагӣ мекунанд. Гузашта аз ин, онҳо бо сохторҳои давлатии Тоҷикистон ихтилофи назар надоранд. Аз ин рӯ, Фармони зикршуда имрӯз ҳам аҳамияти худро дорост. Гузашта аз ин, агар он саривақт иҷро мешуд, Қирғизистон дар бораи анклав эълон кардани Ворух ҳеҷ гуна даъво карда наметавонист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *