ФАЛАСТИН – ВАТАНДОРОНИ БЕВАТАН. Низоъи 73-сола хотима меёбад?

Имрӯзҳо тамоми расонаҳои олам ба вазъи муташанниҷи Исроилу Фаластин нигаронида шудааст. Танҳо рӯзи 16 май аз зарбаҳои ҳавоии Исроил 26 фаластинӣ  ва дар муддати чанд рӯз дар минтақаи Ғазза ба камаш 174 нафар, аз ҷумла 47 кӯдаки фаластинӣ ва 10 исроилӣ кушта шудаанд. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу рӯзи 15 май гуфт, ки сарфи назар аз даъватҳои Вашингтон ва Созмони Милал ба қатъи низоъ, маъракаи ҷории зидди ҷангиёни фаластинӣ «то он даме  ки лозим аст, идома хоҳад ёфт.»

Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш аз шумораи қурбониён дар ҷангҳои Ғазза изҳори нигаронӣ кард. Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар, қароргоҳаш дар Ню-Йорк  Тел-Авивро барои пеш бурдани сиёсати «апартеид»  танқид кард.Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузориши худ маҳдудият дар ҳаракати фаластиниён ва забти замини онҳо барои ҷойгир кардани яҳудиёнро намунае аз сиёсатҳое донист, ки онро «ҷинояти апартеид» ва озору азият шумурдааст. Дар гузориш гуфта шудааст, «мақомоти Исроил дар сартосари ин кишвар (ва қаламравҳои Фаластин) қасд доранд, бо ҳифзи назорат ба замину аҳолӣ ба фоидаи исроилиҳои яҳудӣ, фармонравоии худро бар фаластиниён нигоҳ доранд.»

Хонандагон хуб дар хотир доранд, ки  аксари кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба изҳороти Президенти ИМА  Доналд Трамп аз 6 декабри соли 2017 оид ба пойтахти Исроил эътироф намудани Байтулмуқаддас ва аз Тел Авив ба он ҷо интиқол додани сафорати  кишварашро эълон карда буд, изҳори нигаронӣ карда буданд.  Аз ҷумла, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8 декабри соли 2017 бо пахши изҳороте аз иқдоми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати интиқоли намояндагии дипломатии худ аз шаҳри Тел-Авив ба Байтулмуқаддас изҳори нигаронӣ намуда навиштааст, ки «ин амр минтақаи Ховари Миёна ва атрофи онро мувоҷеҳи мушкилоти бештари сиёсиву амниятӣ ва ташаннуҷи қавмиву динӣ хоҳад кард». 

Оғози моҷарои Исроилу Фаластин аз куҷост?

Онро метавон ҳамчун фоҷиа ном бурд, ки ҳанӯз 73 сол қабл аз баробари таъсиси давлати Исроил оѓоз ёфта буд.

Ҳаракати сионистии нажодпарастии яҳудӣ дар охири асри 19 пайдо шуда, фаъолияти сиёсии худро оид ба барпо кардани давлати Исроил дар сарзамини Фаластин ва  кӯчонидани яҳудиёнро ба онҷо оѓоз кард. Баъди ташкили давлати Исроил соли 1948 сионизм идеологияи расмии Исроил гардид, ки мақсади он барпо кардани «Исроили бузург» ва васеъ кардани ҳудудаш аз ҳисоби замини Фаластин ва дигар давлатҳои араб мебошад. Иттиҳоди Шӯравӣ дар таъсиси он ҳамчун давлати сулҳдӯст ширкат варзида, аз рӯи шафқат онро таъйид кард. Воқеан, дар ҷанги дуюми ҷаҳон яҳудиён ба фоҷиа рӯ ба рӯ шуда, бештар ҳалок гардиданд. Мутаассифона, оқибати хатари онро надонистанд, ки таъсиси чунин давлати сунъӣ дар хоки бегона чи гароние ба аҳли башар меорад.

Бояд гуфт, ки на ҳамаи яҳудиҳо яҳудианд. Миллаташон яҳудист, вале аз нигоҳи шаҳрвандӣ онҳо русу поляк,булѓорию олмонӣ ва ѓайра ба шумор мераванд. Онҳо як миллате ҳастанд, ки дар тамоми ҷаҳон иқомат доранд ва гӯё тухмашон пош хӯрдааст.

Дар давраи Ҳазрати Иброҳим яҳудиён ҳамчун миллат ва қавм вуҷуд надоштанд. Дар он ҷо арабҳо сокин буданд, ки онҳоро арабҳои ъориба мегӯянд, яъне арабҳои азбайнрафта.

Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ ба таври амиқ назар андозем, замини Фаластин таърихан ба арабҳо мансуб аст. Сокинони ин замин чунон ки зикр карда шуд, канъониҳоанд. Онҳо қабилаҳои пешгузоштаи араб- канъониён, ябусиён, ҳиҷиён, фрисиён буданд, ки номҳояшон дар Таврот низ зикр карда шудааст.

Агар дар даври Мӯсо даромадани яҳудиён ба сарзамини Фаластин аз рӯи шафқати раббонӣ бошад, ҳиҷрати онҳо баъди соли 1947 аз рӯи шафқати инсонист. Вале ба ҳама маълум аст, ки чунин «шафқат» чӣ гароние овард.

Дар асоси харита баъди таъсиси давлати Исроил тақрибан 40 фоиз замини Фаластинро давлати яҳудиён ишѓол кард ва боқимонда 60 фоиз дар дасти арабҳо буд. Сабаби норозигии арабҳо нисбат ба СММ ва дигар давлатҳои таъсисдиҳандаи Исроил дар он аст, ки яҳудиён ҳамагӣ 7 фоизро ташкил медоданду вале 40 фоиз заминро ба ихтиёри онҳо доданд. Бани Исроил онҳоеро мегӯянд, ки сокинони муқимии Фаластинанд. Бинобар ҳамин, арабҳо даъво доштанд, ки бигузор арабу яҳуд дар давлати Фаластин зиндагӣ кунанд. Аз ҳамон сол сар карда, муноқишаву задухӯрдҳо оѓоз ёфт. Ҳар қадар ки арабҳо шикаст хӯрданд, он қадар яҳудиён заминҳоро кашида гирифтанд. Ба ҳамин тариқ, онҳо аз се ду ҳиссаи замини Фаластинро соҳиб шуданд. Арабҳо хостанд, ки заминҳояшонро баргардонанд, вале пай дар пай бой доданд. Ҳатто Исроил заминҳои Сурия, Миср ва Лубнонро низ забт кард ва боз баргардонд. Як қисми замини Лубнон ба номи Шиъба то ҳанӯз дар дасти Исроил аст. Арабҳо ҳатто ба тақсимоти то соли 1967 розианд, вале Исроил онро рад мекунад. Баъди соли 1967 Исроил Байтулмуқаддасро пойтахти абадӣ ва ҷудонашавандаи худ эълон кард. Аз соли 1947, яъне тӯли 74 сол инҷониб муноқишаи Ховари миёна давом дорад. Таваҷҷуҳи оламиён ба он нигаронида шудааст, ки оқибати чунин мубориза ва задухӯрдҳо ба чӣ анҷом меёбад?

Гумон меравад, ки агар ҳаракати сионистӣ ҳамин сиёсати пешгирифтаи худро татбиқ намояд, таъсиси давлати Фаластин зери суол мемонад. Вале ин ҷо саволе ба миён меояд, ки оё ҷанги таҳмилии Амрико ба Ироқ нисбат ба ин масъала, яъне ба ҷанги Исроилу Фаластин чӣ робитае дорад?

Беш аз 5 млн фирориёни иҷбории фаластинӣ дар хориҷи кишвар дар Урдун, Сурия,  Лубнон, ҳамчунин дар Мисру Ироқ, давлатҳои халиҷ ва дигар мамолики олам зиндагӣ мекунанд. Онҳо мардумони ватандори беватананд, ки дар хокашон давлати Исроил барпо карда шудааст. Бозгашти фирориён проблемаи асосист.

Яке аз сабабҳои интиҳо наёфтани муноқиша ва ҷангҳои тӯлонӣ дар он аст, ки агар он дар ҳар шакле интиҳо ёбад, проблемаи бозгашти фирориёни фаластинӣ бардошта мешавад. Чунин қонун дар тамоми мамолики ҷаҳон эътироф карда шудааст, ки фирориён баъди ҷанг мувофиқи хоҳиш ба ватани худ баргарданд. Ин барои Исроил фоҷиа аст. Дар Исроил ҳамагӣ 9 млн.яҳудӣ бошад, дар ҳолати баргаштани даҳҳо млн. фирориёни араби Фаластин он давлати араб мешавад. Ҳеҷ набошад, агар аз нисф зиёд араб бошад, он наметавонад, ки давлати яҳудӣ бошад. Онҳо қонун бароварданд, ки дар дохили давлати Исроил ягон араб ҳуқуқ надорад замину хона бихарад. Ин қонунро дар ҳолате ки 20 фоизи аҳолии давлати Исроилро арабҳо ташкил медиҳанду дар Ҷанин ва дигар шаҳрҳои он зиндагӣ мекунанд, тасдиқ карданд.

Ба СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои мутараққӣ зарур аст, ки ба чунин поймолкунии ҳуқуқҳои арабҳои фаластинӣ бетафовут набошанд ва дар барқарор кардани сулҳу салоҳ ва адолат ҳиссаи худро гузоранд.

Мунаввари САФАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *