Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Файзов: Барои истифодаи қувва зарурат намондааст

Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон, гуфтааст,ки  барои истифода аз нирӯи низомӣ дарБадахшон зарурат нест  ва силоҳҳои боқимонда ихтиёрӣ супурда мешаванд.

«Дар дасти сокинон яроқ нест, аммо дар дасти гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ аст. Корҳо хуб ҷараён дорад ва ҳоҷат ба истифодаи нерӯ нест. Имконият ва ақли солим ҳаст ва ягон ҷойи мушкил нест. Танҳо аз мардум дархост шуд, ки фарзандони худро соҳибӣ кунанд ва нагузоранд, ки онҳо ба ягон гуруҳ шомил шаванд», — шарҳ дод Файзов.

Ҷаласаи ҳукумати вилоят  баъди як моҳи интиқоди Президент  баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми сентябри имсол дар мулоқот бо мақомот, фаъолон ва сокинони Бадахшон аз вазъи феълии тартибот дар вилоят ва бахусус шаҳри Хоруғ башиддат интиқод карда буд. Танқидҳои президент ба рейдҳову амалиёти интизомии якмоҳа сабаб шуд. Дар ин амалиёт мардум ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша бахалъи силоҳ водор шуда, мошинҳои сиёҳшишаву берақам боздошт шуданд. Президент ба мақомоти вилоят як моҳ фурсат дода буд, ки тартиботи ҷамъиятӣ пурра барқарор шавад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.