Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Генерал — лейтинант аз омодагии ҷангӣ ҳисобот дод

Таҳти назорати Эмомалӣ Раҳмон ва сардори Вазорати мудофиа Шералӣ Мирзо дар Тоҷикистон омодагии ҷангии артиш санҷида мешавад.

Бо фармони Фармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон ин санҷиш ахиран дар саросари Тоҷикистон пиёда гардид.
Дар қатори дигар намояндагон, Рустами Эмомалӣ, мири шаҳри Душанбе ва ҳамзамон генерал-лейтинант ба Фармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ аз омодагии ҷангӣ дар шаҳри Душанбе ҳисобот дод.

Дар гузориши пешниҳод гаштаи Рустами Эмомалӣ қайд гардид, ки қувва ва воситаҳои минтақаи ҳудудии шаҳри Душанбе дар шумораи 10 125 нафар ва захираҳои сафарбаркунӣ 1 280 нафар ба ҳолати ҷангӣ гузаронида шуданд.
Генерал-лейтинант афзуд, ки қувваи ҷамъшуда барои иҷрои вазифаҳоии вогузоршуда комилан омода ҳастанд.

Субҳи барвақт, соати чор бо сигнали бонги хатар 100 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва 130 ҳазор афсарону сарбозони захираи сафарбаркунӣ омода шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба пойгоҳи Гвардияи миллӣ дар Душанбе омад, ва вазири дифоъи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар бораи омодагии қисмҳо ба гузашти низомӣ гузориш дод.

Оид ба сафарбар кардани беш аз 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ хабар дода мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.