Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Гуруснагиву нодориву бекорӣ миллионҳо нафарро аз хонаву дараш берун кашад

Бекориву бепулӣ миллионҳо сокини Афғонистонро метавонад, ба муҳоҷират водор кунад

Дар Афғонистон бо омадани “Толибон”-у бесарусомонӣ зиндагии мардум сахттар шудааст. Шумори зиёди корхонаҳо баставу бонкҳо ҳам пули кофӣ надоранд. Хабарнигори “Рейтерз” мегӯяд, рӯзи якшанбеи 12-уми сентябр дар бозори кӯҳнафурӯшии Кобул мардум молу ашёи хонаҳояшонро ба фурӯш бароварда буданд.

Ҷамшед, яке аз сокинони Кобул, ба хабаргузорӣ гуфтааст, “барои фурӯш мол овардем. Кор нест. Намедонем, фардо чӣ кор мекунем.”

“Толибон” то ҳанӯз содироту воридоти ашёи хомро барқарор накардаанд ва, аз ин рӯ, нархи тақрибан тамоми молу коло боло рафтааст.

Муҳаммад Умед, сокини дигари Кобул, мегӯяд, “мардум аз ин ки бечора шуданд, ҳама чизи худро барои фурӯш оварданд.”

Камбуди маблағ ва баста будани корхонаҳо ҳаёти сокинони шаҳрҳоро тоқатфарсо кардааст. Онҳо мегӯянд, дар деҳаҳо мардум метавонанд, то муддате аз захираи маводи ғизоӣ ва ё ҳосили киштзорҳояшон рӯз гузаронанд, аммо дар шаҳр чунин имкон вуҷуд надорад.

Ромин Аҳмад гуфт, “қаблан дар давлат кор мекардем. Ҳоло сарнавишти давлат ҳам маълум нест. Як ҳафта шуд, кӯҳнафурӯширо сар кардем. Бисёриҳо савдо мекунанд, ки ба хориҷ раванд.”

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 13-уми сентябр дар Женева бо ҳадафи ҷамъоварии камаш 600 миллион доллар кумак ба Афғонистон конфронси байналмилалӣ доир кард.

Ин муассисаи ҷаҳонӣ хотирнишон кардааст, ки 10 миллиард доллари Афғонистон дар бонкҳои хориҷӣ “банд” шудаанд, то ба дасти “Толибон” нарасанд.

Ба қавли СММ, идомаи чунин ҳоли бекориву бепулӣ метавонад, миллионҳо сокини Афғонистонро ба муҳоҷират аз ватанашон водор кунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.