Иҷрои вазифа гуфта, ҷонашро дар хатар гузошт

Роҳбарияти телевизион аллакай ин ҳодисаро шарҳ додаанд

 Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабти пахши мустақим паҳн шуд, ки дар он ровии телевизион беҳуш шуд.

Ин ҳодиса дар шабакаи телевизионии ҷавонони Ӯзбекистон рух дод.

Аз навор дида мешавад, ки баранда Захрохон Киличева дар лаҳзаҳои аввал оҳиста -оҳиста гап мезанад ва баъд мувозинаташро гум карда ба замин меафтад.

Роҳбарияти шабакаи телевизионӣ аллакай ин ҳодисаро шарҳ додаанд.

Қайд карда мешавад, ки ҳангоми пахши мустақими барнома сари ровӣ чарх задааст ва ӯ худро беҳол эҳсос кардааст.

«Аммо ӯ кӯшиш кард, ки инро нишон надиҳад ва то сонияи охир вазифаи касбии худро иҷро мекард», — гуфта мешавад дар изҳорот.

Вақте ки баранда беҳуш шуд, ба ӯ ёрии таъҷилии тиббӣ расонида шуд. Ҳоло вазъи зан қаноатбахш аст, ба саломатии ӯ хатари ҷиддӣ таҳдид  надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *