Идомаи ҳабси эътирозгарон дар Қазоқистон

Дар шаҳрҳои Қазоқистон боздошт ва ҳабси онҳое идома дорад, ки дар тазоҳуроти беиҷозат, аз ҷумла эътирозҳои зиддичинии аввали моҳи сентябр иштирок доштанд.

Ба иттилои гуруҳи «Эътилофи ташаббусҳои шаҳрвандӣ», тайи се рӯзи ахир 30 нафарро дар шаҳрҳои Нурсултон, Актау, Чимкент ва Оқтеппа бо гумони «нақзи қонуни тартиби ташкил ва баргузории ҷамъомадҳои осоишта» ба муҳлати 15 шабонарӯз ҳабс кардаанд.

Додгоҳи шаҳри Алмато шоми 19 сентябр сокини маҳаллӣ Канат Жакуповро 5 рӯз ҳабси маъмурӣ кард. Ин хабарро вакили дифои Жакупов — Канат Байсбоев тасдиқ намуд. Худи Жакупов мегӯяд, 4 сентябр дар ҳамоиши эътирозии зиддичинӣ дар назди бинои шаҳрдории Алмато иштирок надошт. Ӯро барои он ҳабс карданд, ки 14 сентябр дар даст шиори «Ҳамаи қудрат ба мардум тааллуқ дорад» дар кӯчаи Жибек Жолӣ ҳудуди ду соат рост истода буд.

Аз аввали ҳафтаи равон дар як қатор шаҳрҳои Қазоқистон чандин фаъоли маданӣ барои «иштирок» дар эътирозҳои беиҷозат ҷарима ва чанд тани дигар ба бозпурсӣ даъват шуданд.

Гуруҳи ҳомиёни ҳуқуқи «Qaharman», ки аз ҳаққи боздоштшудаҳо ҳимоят мекунанд, мегӯянд, ҳабси фаъолони маданӣ ба даъвати мухолифи қазоқ ва раҳбари ҳаракати мамнуи «Интихоби демократии Қазоқистон» Мухтор Аблязов рабт дорад. Аблязов аз ҷонибдорон ва сокинони Қазоқистон ахиран даъват кард, ки 21 сентябр ба нишони эътироз ба кӯчаҳо бароянд. Мақомоти қазоқ ҳамаи ҳамоишҳоеро, ки бо даъвати ҳаракати мазкур баргузор мешаванд, ғайриқонунӣ меноманд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *