Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Илҳом Алиев: Ба Русия пайвастани Қримро эътироф намекунам!

    Президенти Украина Петр Порошенко ба ҳамкасби озорбойҷонии худ- Илҳом Алиев барои расман баён кардани норозигияш нисбати шомил  гардидани Қрим ба ҳайати Русия (дар нишасти президентҳо Илҳом Алиев гуфта буд: «Ман ҳеҷ гоҳ ба ҳайати Русия шомил гардидани Қримро қабул надошта будам ва нахоҳам дошт») изҳори миннатдорӣ намуд.

   Рӯзи 14-уми июли соли равон президенти Украина Петр Порошенко зимни сафари расмияш ба Бокуи Озорбойҷон аз ҳамкасби озорбойҷонияш- Илҳом Алиев барои шомилшавии Қрим ба Русияро ғайри мақбул донисташ изҳори сипос намуд:

   «Кишварҳои мо ҳамеша ягонагии масоҳати давлатҳоямонро ҷонибдорӣ мекарданду дар ин роҳ дастгири ҳамдигаранд ва хоҳанд монд. Ҳамон тавре, ки Шумо мӯҳтарам Илҳом Алиевич ҳамроҳшавии Қрими Украинаро бо Русия напазируфтед, мо низ ҳамон хел ҳеҷ гоҳ ҳуҷҷати алоҳидашавии Қарабоғи Кӯҳиро расман қабул намекунем ва ҳеҷ гоҳ қабул нахоҳем кард. Мо ҷонибдории якпорчагии хоки Озорбойҷон ва шомили бевоситаи он будани Қарабоғи Кӯҳи ҳастем».

  Мавриди зикр аст, ки ин суханони Порошенко дар ҳоле гуфта мешаванд, ки 25-уми июн президенти Озорбойҷон Илҳом Алиев ҳуҷҷатҳои ҷудо шавии Қарабоғи Кӯҳиро аз Озорбойҷон, аз ҷониби мухолифини ҳамҷоягии Қарабоғ бо Озорбойҷон ғайрирасмӣ хонда, гуфта буд, ки « Қарабоғи Кӯҳӣ ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ як вазъият истиқлолияти кулро ба даст нахоҳад овард ва ҳеҷ гоҳ чун дуюмин давлати миллати озар дониста нахоҳад шуд. Зеро Озорбойҷон  ҳеҷ гоҳ  дар ҳудуди худ ба мавҷудияти дуюмин давлати арманиҳо роҳ нахоҳад дод».

 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.