ИМА: Русия дар интихоботи Амрико мудохила кардааст.

Бино ба натоиҷи таҳқиқоти додситони махсуси Амрико Роберт Мюллер, талошҳои Русия барои мудохила ба интихобти раёсати ҷумҳурӣ дар ИМА дар соли 2016 тасдиқ шудааст.

Бино ба натоиҷи таҳқиқоти додситони махсуси Амрико Роберт Мюллер, талошҳои Русия барои мудохила ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ИМА дар соли 2016 тасдиқ шудааст.

Вилям Барр, додситони кулли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 18-уми апрел дар шаҳри Вашингтон гуфт, далелҳое ба даст омадааст,  ки давлати Русия кӯшиш кардааст, ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ИМА дар соли 2016 дахолат кунад.

Айни замон ба гуфтаи Вилям Барр дар ҷараёни тафтиш ҳамдастии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълии Амрико ва ё ситоди интихоботии ӯ бо Русия исботи худро наёфтааст.

Вилям Барр гуфт, таҳқиқоти Роберт Мюллер ба ин натиҷа нарасидааст, ки раиси ҷумҳур муртакиби ҷурм шудааст, дар айни замон ӯро сафед ҳам накардааст.

Дар ҳамин ҳол, вакилони Маҷлиси Намояндагони Амрико хостори дарёфти матни комил ва чопии гузориши таҳқиқотии Роберт Мюлер шуданд.

Тафтишоти беш аз дусолаи Роберт Мюллер муайян кард, ки Русия бо паҳни иттилои дурӯғ ва ҳамлаҳои ҳакерӣ ба интихоботи президентии ИМА дахолат кардааст.

Ҳамзамон, далеле пайдо нашуд, ки созиши Доналд Трамп ё тими ӯро бо Русия дар давраи интихобот исбот кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *