Инқилоби навбатӣ дар Қирғизистон, бинои парлумон тасарруф шуд

Дар онҷо парлумон ва дафтари кории президенти Қирғизистон воқеъ аст.

Бино ба гузоришҳо мардуми норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи парлумонии Қирғизистон нимашаби 6-уми октябр «Кохи Сафед»-и Бишкекро «тасарруф кардаанд». Дар онҷо парлумон ва дафтари кории президенти  Қирғизистон воқеъ аст.

Сухангӯи президенти Қирғизистон ба хабаргузории АКИpress гуфт, ки Сооронбой Ҷеенбеков дар Бишкек қарор дорад. Ба қавли ӯ, «Ҷеенбеков то соати дуи шаби 6-уми октябр дар бинои Жогорку Кенеш буд ва бо ҳамаи нирӯҳои сиёсӣ муколамаи алоҳида дошт.»Эътирозгарон бинои Кумитаи Давлатии Амниятии Миллии Қирғизистонро низ «гирифтаанд».

Дар асоси гузоришҳо, нирӯҳои вижа ҳамраъйии худро бо мардуми норозӣ баён доштаанд.Норозиён аввал рӯзи 5-уми октябр дар майдони Ала-Тоо ҷамъ омада, хостори бекор кардани натиҷаҳои интихоботи рӯзи якшанбе шуданд. Дар он интихобот аксаран ҳизбҳои тарафдори президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков, президенти  рӯ ба Русия, ба парлумон роҳ ёфтаанд.

Нирӯҳои амниятии Қирғизистон шоми 5-уми октябр таҷаммӯи эътирозгаронро бо истифода аз гази ашковар ва обпошу норинҷакҳои гиҷкунанда пароканда карданд, вале тазоҳургарон дубора ба майдон баргаштанд. Дар задухӯрд байни норозиён ва нирӯҳои интизомӣ даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *