Интихоботи Афғонистон бо ширкати хеле ками мардум

Бино ба маълумоти ғайрирасмии Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон, дар интихоботи президентӣ дар ин кишвар дар рӯзи 28 сентябр аз ҷумлаи 9,5 миллион интихобкунанда фақат 2 миллион нафар ширкат кардаанд.

Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар соли 2014 ҳафт миллион нафар овоз дода буд.

Ин манбаъ гуфтааст, ки бахусус, ширкати занон дар интихобот дар поинтарин сатҳ қарор дошта ва аз 34 вилояти Афғонистон дар 12 вилоят занон дар интихоботи президентӣ аслан иштирок накардаанд.

Далели ширкати хеле ками интихобкунандагон ба вазъи ноороми кишвар ва таҳдиди Ҷунбиши Толибон дар мавриди ҳамлаи мушакию интиҳорӣ ба марказҳои овоздиҳӣ марбут будааст.

Ин дар ҳолест, ки давлати Афғонистон барои таъмини амнияти марказҳои овоздиҳӣ дар вилоятҳои ин кишвар беш аз 72 ҳазор нафар неруи иловагиро ҷалб карда буд.

Бо ин вуҷуд дар бештари марказҳои вилоятҳо бо шумули Кобул амалҳои террористӣ анҷом шуда, бар асари он 1 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон  15 номзад рақобат карданд ва номзадҳои асосӣ Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури феълӣ ва Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон буданд.

Дар миёни номзадҳои дигар, Раҳматулло Набил, раиси собиқи Хадамоти амнияти миллӣ ва ҳам Гулбиддин Ҳикматёр, яке аз ҷангсолорони ифротӣ ҳам ҳастанд.

Интизор меравад, натиҷаҳои аввали интихобот рӯзи 19-уми октябр эълон шавад, чун барои мақомоти интихоботӣ барои расидагӣ ба шикоятҳо ва гирифтани натиҷаҳо аз минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ фурсат лозим аст. Натиҷаҳои ниҳоиро рӯзи 7-уми ноябр эълон мекунанд.

Дар сурати ба пирӯзӣ даст наёфтани ҳеч номзад дар назар аст рӯзи 23 ноябр даври дуюми интихоботи президентӣ бо ду номзаде, ки овозҳои бештарро соҳиб шудаанд, баргузор шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *