Интихоботи Украина: Зеленский ва Порошенко ба даври дуюм роҳ ёфтанд

Дар давраи аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Украина Владимир Зеленский, ҳунарпешаи маъруф ва Пётр Порошенко, президенти феълӣ овози бештар ба даст оварда, ба даври дуюм роҳ ёфтанд.

Бар асоси маълумоти Комиссияи Марказии Интихоботи Украина, дар давраи аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар Владимир Зеленский, ҳунарпешаи маъруф ва Пётр Порошенко, президенти феълӣ овози бештар ба даст оварда, ба даври дуюм роҳ ёфтанд.

Чеҳраи саршиноси дигар Юлия Тимошенко дар зинаи сеюм ҷой гирифтааст. Вай гуфтааст, ки дар ҷараёни интихоботи мавориди тақаллуб ба мушоҳида расида ва аз ин лиҳоз ба натиҷаҳои даври аввали итихобот розӣ нест.

Дар назар аст, даври дуюми интихоботи президентӣ дар Украина рӯзи 21 апрели соли равон баргузор шавад.

Коршиносони Русия мегӯяд, ки дар сурати пирӯзии Владимир Зеленский дар даври дуюми интихоботи шароит барои музокироти Маскаву Киев фароҳам хоҳад шуд.

Дар замони президентии Пётр Порошенко Русия ва Украина натавонистанд аз роҳҳои музокироти ҳалли сулҳомези қазияи Донбассро пайдо кунанд.

Зимнан, барои дарёфти курсии президентӣ дар Украина 44 номзад сабтином шуда ва беш аз сӣ нафар вориди рақобат шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *