Қирғизҳо мехоҳанд ширкати чиниро аз кони Солтон-Сарӣ берун кунанд

Дар вилояти Норини Қирғизистон ҳудуди 500 сокини маҳаллӣ ҷамъ шуда, аз ширкати чинии «Жоржи Майнинг» талаб карданд, ки кони Солтон-Сариро тарк кунад.

Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар маҳалли таҷаммуъ низоъ сар зада, сокини маҳаллӣ ду корманди ширкатро латтукӯб карданд. Раиси вилояти Норин Амонбой Кайипов барои гуфтугӯ бо эътирозгарон ба кони Солтон-Сарӣ рафтааст.

Рӯзи 4 августи соли равон низ дар кони мазкур ҳудуди 30 чорвопарвари маҳаллӣ даст ба тазоҳурот зада, эътирози худро ба коркард шудани кон аз сӯи ширкати чинӣ баён карданд.

Малик Комилов, намояндаи ширкати чинӣ, ки дар Солтон-Сарӣ корхонаи истихроҷи маъданро бунёд карданист, гуфт, агар ширкат зараре расонда бошад, омодааст, ба он ҷавоб гӯяд.

Ёдрас мешавем, 3 август дар Солтон-Сарӣ миёни сокинони маҳаллӣ ва кормандони ширкати чинӣ занозанӣ сурат гирифт. Дар натиҷа ду сокини маҳаллӣ осеб дида, феълан дар беморхонаи Норин қарор доранд. 12 корманди ширкати чинӣ дар шуъбаи пулис бозпурсӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *