Қирғизистон мавқеъи хориҷиҳоро танг мекунад

Вакилони порлумони Қирғизистон 15 март лоиҳаи қонуни ин кишварро «Дар бораи воситаҳои ахбори ом» қабул карданд. Лоиҳаро, ки худи намояндагони мардумӣ пешниҳод намудаанд, 101 вакил ҷонибдорӣ карда, 6 тан зид баромадаанд. Ин қонун пеш аз ҳама ба шахсоне марбут аст, ки ҳаққи таъсиси расона, аз ҷумла телевизионро дар Қирғизистон доранд. Моддаи 5- қонун ҳаққи аҳзоби сиёсӣ ва шахсони ҳуқуқиро барои таъсиси ВАО таҳким мебахшад.

Ҳамчунин иштироки хориҷиҳоро дар расонаҳои маҳаллӣ маҳдуд ва доираи шахсонеро, ки ҳаққи таъсиси ВАО-ро дар Қирғизистон доранд, танг хоҳад кард. Бар пояи қонуни нав, шаҳрвандони хориҷӣ ҳақ доранд, танҳо на бештар аз 35%-и саҳмияи телевизионро дар Қирғизистон соҳиб шаванд. Ба огаҳии Хадамоти матбуотии порлумони Қирғизистон, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба нашрия ва радио, аз ҷумла радиоҳои хориҷӣ дахл нахоҳанд дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *